Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мамлакате ба ин сарватмандиро ба хоки сиёҳ нишонданд". ВИДЕО


Қиматҳо дар Эрон ҳам якбора боло рафтаанд.
Қиматҳо дар Эрон ҳам якбора боло рафтаанд.

Болоравии бесобиқаи қимати маводи ғизоӣ, зиндагии бисёриҳоро дар Эрон сахт ва мардумро ноумед кардааст.

Баъди қабули чораҳои нави иқтисодӣ ва коҳиши ёронаҳо ба мардуми муҳтоҷ дар Эрон нархи маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла нону равган ва тухм ду баробар афзуд. Эътирозҳо бар зидди болоравии нарху таваррумро мақомот бо зӯр фӯру нишонданд, аммо мардум ҳамоно хашмгину ноумед боқӣ мемонанд.

Як сокини Теҳрон, ки барои хариди тухм ба мағоза омадааст, гуфт: “Тухмро, омадем, 95 туманӣ (4 доллар) харидем. Охирон бор вақте харидам, 45 туман (1.80 доллар) буд. Тақрибан 20 рӯз пеш харида будам. Ҳоло нархаш ду баробар зиёд шудааст.”

Баъди коҳиши ёронаҳо дар Эрон нархи ҳамагуна маводи ниёзи аввал ду баробар қиммат шуд. “Қаблан нархи як литр равған 13 туман (50 сент) буд ҳоло, беш аз 60 туман (2.40 доллар) шудааст” - гуфт, сокини дигар, ки равған мехарид.

"Ҳамаро ба хоки сиёҳ нишонданд"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Болоравии нархи гандум дар ҷаҳон, арзиши нону маҳсулоти нониро дар ин кишвар боло бурд. Ин вазъ ҳам дар ҳолест, ки ба далели таҳримоти сахти иқтисодии Амрико, зиндагии мардуми зиёде дар Эрон ба сахтӣ мегузарад.

Сокинон мақомот ва мудирияти нодуруст дар иқтисодро сабабгори аслии бӯҳрон медонанд. Ин вазъ ҳам боис ба эътирози мардум алайҳи президент Иброҳим Раисӣ шуд. Мардум бо шиорҳои “Раисӣ, кишварро раҳо кун.” “Марг ба Раисӣ” ба хиёбонҳо баромаданд.

Аз роҳи боздошту қатъи интернет, мақомоти Эрон ин эътирозҳоро хомӯш карданд. Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон барои гурӯҳе аз сокинон кӯмаки молӣ пешбинӣ кард.

Аммо аксарият мегӯянд, маблағи пешниҳодии давлат, ки тақрибан 16 доллар аст, барои пешбурди зиндагӣ ночиз аст. Марде бо нигаронӣ аз ин вазъ гуфт: “Модари ман бознишаста аст ва бо вуҷуди гирифтани нафақапулӣ аз давлат, ба хароҷоташ намерасад.”

Мақомот талош доранд, нархҳоро танзим ва назорат кунанд. Тоҷикрон мегӯянд, ба онҳо фишор меоранд. “Масъулини шаҳр пайваста ба мо фишор меоранд, ки чаро нархи тухм ин қадар гарон аст. Ба онҳо фарқе надорад, ки мо чӣ қадар пардохт кардаем. Онҳо талаб доранд, ки мо маҳсулотро бо нархи арзон фурӯшем." - гуфт як соҳибкори эронӣ.

Президенти Эрон, Раисӣ гуфт, умед дорад, ки мизони таваррум то миёнаҳои соли 2023 коҳиш хоҳад ёфт. Вале бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, бояд ислоҳоти куллӣ сурат бигирад ва косибон ҳам нигаронанд.

Яке аз онҳо мегӯяд: «Бигзоред, иқтисоди ин мамлакатро бидиҳед ба дасти як кордон. Ба дасти як иқтисоддон, ки мудирият дошта бошад. Мудир бошад. Мамлакате ба ин сарватмандиро ҳамаро ба хоки сиёҳ нишонданд, чӣ мани косиб, чӣ он корманд, ё чӣ он коргарро.»

XS
SM
MD
LG