Як таҳқиқ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки эҳтимол дорад ба сабаби ҷанг дар Украина ва ҳамингуна идома кардани болоравии қиматҳо теъдоди мардуме, ки дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ намеёбанду муҳтоҷи кумак мешаванд ба бештар аз 800 ҳазор нафар мерасад.
Бар асоси ин таҳқиқ, шумораи онҳое, ки дигар ба сахтӣ хонаводаи худро бо нон таъмин мекунанд, ба 3 миллион нафар баробар мешавад. Дар таҳқиқи Созмони Ҷаҳонии Озуқа, ки моҳи апрел анҷом ёфта ва рӯзи 11-уми май нашр шуд, омадааст, азбаски Тоҷикистон як шарики асосии иқтисодии Русия асту додугирифти зиёд бо он дорад ва ҳам Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик мебошад, ҳар таъсири манфие, ки дар иқтисоди Русия мешавад, дар Тоҷикистон ҳам дида хоҳад шуд.
Муаллифони таҳқиқ бо номи “Амнияти ғизоӣ ва паёмадҳои низоъ дар Украина барои Тоҷикистон” навиштаанд, иқтисоди Тоҷикистон, ки дар аҳди бемории СOVID-19 ҳам ранҷ кашида буд, ҳоло ба сабаби таҳримот ба зидди Русия азоб мекашад, нархи маводи ғизоӣ боло рафтааст, интиқоли пул ҳам аз Русия кам мешавад, арзиши пули миллӣ поин меояд.
Мушоҳидаи нархҳо нишон додааст, ки моҳи март дар муқоиса ба моҳи феврал қимати орд 15 дар сад, қанд 16 ва рӯған 6 дар сад боло рафтааст. Қимати бензину солярка аз 19 то 21 дар сад боло рафтааст, ки он худ ба худ сабаби афзоиши қимати тамоми молу маводи дигар мешавад.
Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ мегӯяд, ки моҳи августи соли гузашта масъалаи дастрасӣ ва эҳтиёҷи оилаҳои тоҷик ба маводи хӯрокаро таҳқиқ кард ва маълум шуд, ки 32 дар сади оилаҳо дар Тоҷикистон 65 фоизи даромади худро барои харидани хӯрок сарф мекунанд.
Даромади ин оилаҳо низ ба пули муҳоҷирон вобаста аст, ки шояд ба сабаби таҳримот ба зидди Русия камтар шавад, чун аввалин касоне, ки ба гуфтаи муҳаққиқон дар сурати душворӣ дар корхонае дар Русия бекор мемонанд, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла тоҷикон ҳастанд.
Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон то ҳол 40 ҳазор нафар аз ҷиҳати таъмини худ бо маводи ғизоӣ сахт азоб мекашанд ва мумкин аст, ба сабаби ҷанги Украинаву болоравии қиматҳо теъдоди онҳо ба бештар аз 800 ҳазор нафар бирасад. Ба гуфтаи созмон, ин табақаи аҳолӣ бидуни шак ба кумакҳои башарӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд.
Илова бар ин теъдоди онҳое, ки ба ҳадде вазъи беҳтар доранд ва амнияти ғизоии хуб надоранд, аз 2 миллион нафари ҳозира ба марзи тақрибан 3 миллион нафар мерасад. Дар умум, муаллифони таҳқиқот пешбинӣ кардаанд, ки камтар шудани интиқоли пул ба хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо болоравии қиматҳо ноамнии ғизоиро дар саросари Тоҷикистон аз 20 дар сади феълӣ то ба 36 дар сад мерасонад.
Бо хамин ном Юсупов Чалолиддин аз нохияи Ёвон чамоати Озоди дехаи Навобод дар даврахои чанг гумшудааст то холо маълум нест ки уро куштаанд ё зиндааст
Бовари дорам бобои Фируз дар хаму германия буданатон низ хизмати кам накардаи ба миллати точик. Як муарифии кардаи шумо милати точикро дар хоричи кишвар ин басанда аст.
Ташаккур аз ин сухбати зебо!
👍🙏
Миллатам манро бубахш.Худовандо фарзандони чавони ин миллатро гулу гумрох насоз нагузор,ки он чуноне,ки мо фиреби ачнабиенро хурда бар сари ин миллат тег кашида теша дар решаи худ задем ва имруз бархе《асосгузору》мо Фронти Халки ангушти ИШОРАИ ин миллат шудаем.Парвардигоро чавонони моро аз ин режими ХУНОШОМ нигах дор.Мо Фронти Халки дар вакташ ФИРЕБ хурдем шумо чавонон хечго зидди ин миллат ягон амали бадро раво НАБИНЕД мо дар вакташ ХИЁНАТ кардем имруз ПУШАЙМОНЕМ 《асосгузор》бошад то холо аз номи Фронти Халки ОДАМ мекушад...морохам КУШТ мардумро хам мекушад ин 《асосгузор》ХЕЧ аз хун СЕР намешавад ...Худовандо моро бубахш.