Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, ду дастёри Мамадбоқиров "ихтиёрӣ таслим шуданд". Шубҳаҳо боқист


Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров дар наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, "баёнот" доданд
Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров дар наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, "баёнот" доданд

Мақомот гуфтанд, ду дастёри Мамадбоқир Мамадбоқиров, лидери ғайрирасмии минтақа, ки 22-юми май кушта шуд, ихтиёрӣ таслим шудаанд.

Навори баёноти Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров 27-уми май нашру паҳн шуд, аммо тасдиқи дурустии гуфтаҳои онҳо аз манобеи дигар ғайриимкон аст. Маълум нест, наворро дар чӣ шароит сабт кардаанд.

Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамин навор гуфт, ки онҳо бист мил силоҳро низ супурданд.

Ҷамшед Шаъбонов ва Ақназар Ақназаров дар намоиши телевизиони вилоятӣ худро ба амалҳои зиддиқонунӣ айбдор дониста, тасдиқ намуданд, ки бо хоҳиши худ таслими мақомот шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки сокинони маҳаллаи Болои шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз шоми 25-уми май боз даҳҳо низомӣ дар чорраҳаи назди тарабхонаи "Лаззат", дар маҳалаи "Пастчид" ва дар наздикии нерӯгоҳ мавқеъ гирифта, хостаанд, шарикони Мамадбоқир Мамадбоқиров таслим шаванд.

Ба иттилои манобеъ, онҳо дар умум панҷ нафар аз атрофиёни Мамадбоқировро меҷӯянд. Як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, номи ин ду нафар дар рӯйхати мақомот ҷой дошт ва 26-уми май муҳлати охирини таслим шудани онҳо буд.

Ҷамшед Шаъбонови 36-сола бародарзодаи Мамадбоқир Мамадбоқиров гуфта мешавад. Дар бораи Ақназар Ақназаров иттилои кофӣ дар даст нест.

Мақомот гуфтаанд, онҳо аз моҳи майи соли 2021 боз ҷустуҷӯ мешуданд ва барои он ки ихтиёрӣ худро супурданд, ҷазои сабуктар хоҳанд гирифт. Онҳоро ба “авбошӣ”, “зӯроварӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳукумат” гумонбар донистанд.

Шаъбонов ва Ақназаров дар намоиши телевизионӣ гуфтаанд, аз полковники пешини нерӯҳои сарҳадӣ Мамадбоқир Мамадбоқиров силоҳ ва дастур мегирифтаанд. Таҳти чӣ шароит садо додани ин эътирофҳо маълум нест.

Мамадбоқир Мамадбоқиров рӯзи 22-юми май дар Хоруғ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG