Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ Молдова гуфт, боздошти Додон танҳо марбут ба мубориза ба фасод аст


Вазири корҳои хориҷии Молдова Нику Попеску ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Рей Фурлонг посух медиҳад. 26-уми майи 2022
Вазири корҳои хориҷии Молдова Нику Попеску ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Рей Фурлонг посух медиҳад. 26-уми майи 2022

Вазири корҳои хориҷии Молдова гуфт, боздошти президенти пешини ин кишвар Игор Додон ба гумони хиёнат ба давлат ва фасод сирф дар доираи муборизаи ин кишвар бо фасод сурат мегирад ва "ҳеч рабте ба таҳаввулоти геополитикӣ надорад".

Нику Попеску, вазири корҳои хориҷии Молдова, рӯзи 26-уми май гуфт, ҳабси Додон танҳо ба интихоби ҳукумати орӣ аз фасод рабт дорад.

Попеску дар як мусоҳибааш бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, мубориза бо фасод "аз боло, аз мубориза бо фасод дар миёни доираҳои сиёсӣ ва олигархҳо" шуруъ мешавад.

Ба қавли вазир, парвандаи зидди президенти собиқ Додон танҳо нест ва Молдова дар талоши ихроҷи "чанд олигарх аст, ки пулҳои зиёди Молдоваро дуздида, дар кишварҳои дигар пинҳон шудаанд".

Дар посух ба суҳбатҳои муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко, ки 25-уми май гуфт, хостори ин нест, ки мақомоти Молдова "бо рақибони пешин ҳисоббаробаркунӣ кунанд", гуфт, мақомот дар Молдова "бо салоҳияти сиёсии мардуми Молдова амал мекунанд ва чунин изҳорот ... муфид ва дуруст нест".

XS
SM
MD
LG