Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳампаймони Путин. Русия гуфт, қазияро "аз наздик" пайгирӣ дорад


Игор Додон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Игор Додон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Русия ба Молдова ҳушдор дод, ки қазияи президенти пешини ин кишвар ва яке аз ҳампаймонҳои Маскав – Игор Додонро аз наздик пайгирӣ дорад.

Додон 24-уми май ба гумони “хиёнат ба давлат” ва “фасод” дастгир шуд. Ҷонибдоронаш бо талаби озодии ӯ ба хиёбонҳо баромаданд.

Додситонҳо рӯзи сешанбе хонаву ҷойи кор ва мошинҳои Додонро кофтуков карда, моли гаронарзиши зиёд, асъори хориҷӣ ва санадҳо ёфтаанд.

Мақомот гуфтанд, Додон дар доираи таҳқиқоти ҷиноӣ ба иттиҳоми хиёнат ба давлат, коррупсия, сарватандӯзии ғайриқонунӣ ва маблағгузории ғайриқонунии ҳизбаш 72 соат дар боздошт мемонад.

Худи Додон гуфт, гунаҳкор нест ва иддао кард, ки президенти ғарбгаро Мая Санду аз ин роҳ мехоҳад, таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз масоили доғи иқтисодӣ ба тарафи дигар кашад.

Игор Додон як шарик ё ҳампаймони наздики президенти Русия Владимир Путин аст. Вай солҳои 2016 то 2020 президенти Молдова буд. Моҳи ноябри соли 2020 Сандуи таҳсилкарда дар Амрико ва ҷонибдори равобити наздиктар бо ғарб ӯро дар интихобот шикаст дод.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко гуфт, боздошти Додон “умури дохилии” Молдова аст, вале ҳамзамон афзуд, «мо хостори ин нестем, ки раҳбарияти кунунӣ дар чунин шароит бо рақибони собиқаш ҳисоб баробар кунанд”.

Руденко гуфт, Русия ин қазияро “аз наздик пайгирӣ” мекунад, то “тамоми ҳуқуқи Додон” риоя шавад ва мутобиқ бо меъёрҳои байнулмилалӣ бошанд.

Дар ду рӯзи охир бори дуюм аст, ки Маскав аз тарзи бархӯрд бо Додон ҳушдор медиҳад. Рӯзи 25-уми май дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова, даҳҳо тарафдори Додон ва ҳизби сотсиалистии ӯ бо талаби раҳоии ӯву пешгирӣ аз таъқибҳои сиёсӣ раҳпаймоӣ карданд.

Додон дар паёме дар интернет гуфт: “Шаҳрвандони азиз, мехоҳам, Шуморо мутақоид кунам, ки дар ҳар ҳолати мавриди таваҷҷӯҳи додситонҳо ман шарҳи муносибе дорам, то гумонҳо аз фасоду қонуншикании ман бартараф шавад”. Ӯ гуфт, “ин як қазияи сиёсии сохтакоришуда аст”.

Молдова як ҳамсояи наздики Украина ва Руминия аст. Бо ин ки ин нодортарин кишвар дар қаламрави Аврупо ба ҳисоб меравад, дар хокаш садҳо ҳазор паноҳҷӯи украиниро ҷой додааст.

Кишинев баъд аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина аз Киев қотеона пуштибонӣ карда, моҳи марти имсол аризаи узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дод.

XS
SM
MD
LG