Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Молдова Игор Додон дастгир шуд


Игор Додон. Акс аз соли 2021
Игор Додон. Акс аз соли 2021

Игор Додон, президенти пешини Молдова, дар доираи парвандаи хиёнат ба давлат барои 72 соат боздошт шуд. Дар ин бора сухангӯи Додситонии кулли Молдова Марианна Кёрпек хабар дод.

Додситонии зиддифасоди Молдова ва Хадамоти иттилооту амнияти он кишвар рӯзи 24-уми май дар манзили Додон ва 11 иншооти дигар, бо гумони фасодкорӣ, сарватандузии ғайриқонунӣ ва хиёнат ба давлат кофтукоб гузарониданд.

Додситонии кулли Молдова рӯзи 18-уми май нисбати Додон парванда кушода буд. Ӯро ба гирифтани "пора" аз олигархи молдавӣ Владимир Плахотнюк гумонбар мекунанд.

Як наворе, ки соли 2019 сабт шудааст, сабаби боз шудани парванда гардид. Дар навор дида мешавад, чӣ гуна Плахотнюк талош дорад, ба Додони он замон президент як бастаи сиёҳро бидиҳад. Додон бастаро нагирифта, амр кард, ки он ба "Коста" дода шавад.

Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки Додон ва Плахотнюк дар бораи таъсиси ҷиноҳи порлумонӣ суҳбат мекунанд. Додон дар он суҳбат гуфтааст, "доим ба Путин нома менависад".

Баъди нашри ин навор тафтиш шуруъ шуд. Додон ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Нисбати Плахотнюк дар Молдова парвандаи ҷиноие дар робита ба қаллобии молӣ тафтиш мешавад. Дар Русия низ нисбати Плахотнюк чанд парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Маскав Плахотнюкро дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ додааст.

Додон сиёсатмадори русиягаро шинохта мешавад, ки дар давраи президентиаш борҳо ба Маскав сафар карда, дар Рӯзи ғалаба низ дар Майдони Сурх ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG