Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми сафари серӯзаи Байден ба Кореяи Ҷанубӣ


Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 22 май сафари серӯзааш ба Кореяи Ҷанубиро, ки бо ҳадафи беҳбуди равобити иқтисодиву амниятӣ барпо шуд, анҷом бахшид. Дар охирин нуқтаи сафараш Байден аз пойгоҳи ҳавоии Осан дидан кард. Дар ин пойгоҳ нирӯҳои амрикоӣ ва кореягӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ва баллистикӣ назорат мекунанд. Як ҳадафи Байден намоиши ҳамраъӣ бо Сеул дар муқобили таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ мебошад. Дар давраи президентии Доналд Трамп дар Амрико то андозае ӯҳдадориҳои Вашингтон дар баробари Кореяи Ҷанубӣ зери суол рафт. Трамп, ки се дафъа бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дидор кардааст, гуфта буд, ки “ошиқи” Ким шудааст. Як ҳадафи дигари Байден расидагӣ ба нигарониҳои амниятӣ дар минтақа дар фазои талошҳои афзояндаи Чин будааст. Рӯзи 22 май Байден инчунин бо раҳбари ширкати Hyundai Эюсон Чунг дидор кард. Hyundai сармоягузорӣ ба иқтисоди ИМА-ро афзоиш медиҳад. Аз ҷумла, 5,5 миллиард доллари он ба бунёди корхонаи автомобилҳои электронӣ ва батареяҳо дар аёлати Ҷорҷиаа равона мешавад. Аз ин пеш Байден дар корхонаи ширкати Samsung ҳам меҳмон шуд. Ин ширкат ният дорад дар Техас корхонаи истеҳсолие бо арзиши 17 миллиард доллар созад.

Байден аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷопон сафар кард ва қарор аст бо нахуствазир Фумио Кишида дидору гуфтугӯ кунад. Рӯзи 24-уми май, пеш аз бозгашт ба Вашингтон, ӯ дар ҷаласаи чоргонаи кишварҳои шарики стратегӣ иштирок мекунад, ки ба он ИМА, Ҷопон, Австралия ва Ҳинд дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG