Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев ба Путин гуфт, Нурсултон ҳампаймони Маскав мемонад


Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин
Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 16-уми май дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Кремл гуфт, “ҳеҷ асосе барои нигаронӣ дар мавриди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳои мо вуҷуд надорад".

"Русия барои Қазоқистон шарики калидӣ дар бахши тиҷорату иқтисод аст. Бинобар ин, ман дар назди ҳукумати Қазоқистон вазифа гузоштам, ки на танҳо ин сатҳи ҳамкорӣ, табодули мол ва сармоягузорӣ нигаҳ дошта шавад, балки сарфи назар аз ҳама мушкилот ва воқеиятҳои муосири геополитикӣ ҳамкориҳо тавсеа бахшида шаванд", - изҳор доштааст Тоқаев.

Ба огаҳии Кремл, Путин дар вохӯрӣ бо Тоқаев хабар додааст, ки ширкатҳои русӣ дар Қазоқистон 17 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар умум сарфи назар аз мушкилоти пешомада дар ҳоли рушд аст, “аммо бо вуҷуд, “миёни ду кишвар дар бахши амният масъалаҳое ҳастанд, ки бояд дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баррасӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG