Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо рафтори Русияро "ваҳшиёна" хонд


Аз рост ба чап: Урсула фон дер Лейен, Фумио Кишида ва Шарл Мишел
Аз рост ба чап: Урсула фон дер Лейен, Фумио Кишида ва Шарл Мишел

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 12-уми май ҳамлаи бесабаби Маскавро ба Украина “ваҳшиёна” хонда, ҳушдор додаанд, ки Русия “таҳдиди мустақимтарин” ба назми ҷаҳонӣ аст.

Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, ки бо Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, ба Ҷопон рафтааст, рӯзи панҷшанбе бо нахуствазири он кишвар Фумио Кишида гуфтугӯ кард.

Ӯ пас аз дидор бо Кишида гуфт, “имрӯз Русия бо ҷанги ваҳшиёна алайҳи Украина ва паймони нигаронкунандааш бо Чин, мустақимтарин таҳдид барои назми ҷаҳонӣ аст."

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бесабаб ба Украина ҳамла кард, ки то ҳанӯз идома дорад.

Маскав онро амалиёте барои ғайринизомӣ кардани Украина медонад. Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки кишвари соҳибистиқлол мегӯянд.

Дар тақрибан се моҳи ҷанг дар Украина ҳазорҳо нафар куштаву захмӣ ва миллионҳо кас овораву беҷо шудаанд.

XS
SM
MD
LG