Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои фарзандони низомиҳои дар Украина кушташуда имтиёз медиҳанд


Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи кӯмаки давлатӣ ба фарзандони низомиҳои русеро имзо кард, ки дар Украина кушта шудаанд.

Дар ин фармон омадааст, фарзандони низомиҳо ва кормандони мақомоти давлатӣ, ки дар "амалиёти махсус" дар Украина ширкат кардаанд ё ширкат мекунанд, барои шомил шудан ба донишгоҳҳо соҳиби имтиёз мегарданд.

Фарзандони низомиҳое, ки дар Украина кушта ё захмӣ шудаанд, метавонанд, бидуни имтиҳон ба донишгоҳҳо шомил шаванд, омадааст дар фармон.

Путин дар ин бора дар гузашти низомӣ дар Майдони сурхи Москва хабар дод. Вай гуфт, ки марги ҳар кадом сарбозу афсар - ин "барои ҳамаи мо мотам аст ва барои наздиконашон зиёни барқарорнашаванда". Ба гуфтаи Путин, "кӯмаки махсус ба фарзандони фавтидаҳо ва маҷруҳон расонида мешавад".

Дар ибтидои моҳи март Путин ваъда дода буд, хонаводаи ҳар кадом низомие, ки дар Украина кушта шудааст, кӯмаки якдафъаина дар ҳаҷми 7,4 млн рубл (муодили тақрибан 107 ҳазор доллар) дарёфт мекунад. Пардохти иловагӣ ба ҳар кадом хонаводаи низомии кушташуда дар ҳаҷми 5 млн рубл (муодили тақрибан 72 ҳазор доллар) сурат мегирад, гуфта буд вай.

XS
SM
MD
LG