Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз куштори ғайринизомиён дар Панҷшер


Андреас фон Брандт, сафир ва роҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аз хабарҳо дар бораи куштор ва бадрафторӣ нисбати ғайринизомиён дар Панҷшер нигаронӣ кардааст. Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар як паёми твиттерӣ навишт, "ба хотири даргузашти афроди бегуноҳ дар Панҷшер азо дорем". Оқои Брандт гуфтааст, вазъи пешомада бори дигар нишон медиҳад, ки роҳи ҳалли масъалаи Афғонистон дар фарогир будани ҳукумати Афғонистон аст.

Нигаронии ин мақоми Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи гузориши расонаҳо, гуруҳи Толибон дар пайи кушта шудани афродашон аз сӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ва Андароб, шуморе аз афроди ғайринизомиёнро аз хона ва қади роҳ боздошт кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон кард, ки ҳамлаҳои худро алайҳи Толибон зиёд кардааст. Расонаҳои ҷаҳонӣ аз задухурдҳои шадид миёни неруҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон хабар доданд. Гуруҳи Толибон, ки нуҳ моҳ аст дар Афғонистон ҳукумат мекунад, дар оғоз ин даргириҳоро рад кард, вале баъдан кушта шудани афродашро эътироф намуд.

XS
SM
MD
LG