Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони ҷанг ба чеҳраи сафири Русия ранги сурх пошиданд


Гурӯҳе аз мухолифони ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон (Полша) -- ба сафири Русия ранги сурх пошиданд ва аз ҳузури ӯ дар гӯристони сарбозони Артиши Сурх барои адои эҳтиром ба қурбониёни ҷанг пешгирӣ карданд.

Сергей Андреев, сафири Русия дар Лаҳистон, ҳангоми даромадан ба оромгоҳи сарбозони Артиши Сурх дар шаҳри Варшава бо эътирози чандсад нафар аз эътирозгарони ҷанги Украина рӯбарӯ шуд. Ҷамъомадагон дар оғоз гулчанбареро, ки Андреев дар даст дошт, аз ӯ гирифтанду онро ба замин заданд.

Теъдоди дигаре аз эътирозгарон ба ӯ ранги сурх пошиданд ва билохира яке аз онҳо, ки дар паҳлӯи ӯ истода буд, миқдоре ранг ба чеҳраи ӯ пошид.

Эътирозгарон, ки парчамҳои Украинаро дар даст доштанд, хитоб ба ӯ гуфтанд, "фашистҳо, одамкушҳо". Баъзе аз эътирозгарон ҳам либоси сафед ба тан доштанд, ки рӯи он доғ ё лаккаҳои сурх дошт, ки намоде буд аз қурбониёни украинӣ дар ҷанги Русия.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, "мо аз ин иқдомҳо наметарсем. Мардуми Аврупо бояд аз дидани чеҳраи худ дар оина битарсанд". Мария Захарова афзуд, "тарафдорони неофашистҳо бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон доданд".

Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ин ҳодисаро "бисёр таассуфовар" хонд ва гуфт, "дипломатҳо аз ҳимояти хос бархӯрдоранд".

Бархе таҳлилгарони рус арзёбӣ кардаанд, ки ин амал эҳтимолан боиси фаро хондани сафири Русия аз Варшава ва ихроҷи сафири Лаҳистон аз Маскав хоҳад шуд.

Лаҳистон яке аз мунтақидони сарсахти ҳамлаи Русия ба Украина мебошад. Ба асари ин ҳамла беш аз 3,2 миллион нафар аз Украина ба Лаҳистон паноҳанда шудаанд.

XS
SM
MD
LG