Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири вазири корҳои дохилии Украина: "Пули Қрим вайрон мешавад"


Мушовири вазири корҳои дохилии Украина Виктор Андрусив гуфтааст, пули нимҷазираи Қримро ҳатман вайрон мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, низомиёни Украина барои тахриби ин пул аллакай лавозимоти ҷангии заруриро дар ихтиёр доранд, аммо барои анҷоми ин кор бояд ба соҳилҳои баҳри Азов наздиктар шаванд.

Нашрияи "Вот так" менависад, дар Интернет ахиран сомонае фаъол шуда, ки муҳлати боқимонда то тахрибшавии пулии Қримро мешуморад. Гуё ин кор 9-уми май сурат хоҳад гирифт.

Қаблан намояндаи артиши Латвия Янис Слайдинш ҳам пешниҳод карда буд, ки низомиёни Украина 9-уми май пули Қримро нишон хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG