Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудофеони "Азовстал" дар рӯ ба рӯи ҷанги охир ва хунин қарор доранд


"Азовстал" дар рӯзи 5-уми май
"Азовстал" дар рӯзи 5-уми май

Охирин мудофеони шаҳри муҳосирашудаи Мариуполи Украина дар рӯ ба рӯи ҷанги ниҳоӣ ва хунин бо неруҳои Русия қарор доранд, ки мехоҳанд дар остонаи 9-уми май ва Рӯзи ғалаба пирӯзии рамзие ба даст оранд.

Мақомоти ҳарду кишвар гуфтаанд, тамоми ғайринизомиёнро аз корхонаи оҳангудозии “Азовстал” берун овардаанд, вале сарнавишти размандагони дохили он маълум нест. Қарор аст, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 8-уми май бо раҳбарони кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавсум ба Гуруҳи 8 як гуфтугуи онлайнӣ дошта бошад ва дар ҷараёни он таҳаввулоти ахири вобаста ба таҷовузи бедалели Русия ба Украинаро баррасӣ кунад.

Баъди берун овардани ғайринизомиён аз “Азовстал”, Русия ба ҳуҷумҳои бештар ба ин корхона омодагӣ мегирад, ки ба як рамзи муқовимати Украина ба зидди Русия табдил шудааст. Мудофеони украинӣ дар нақбҳои печидаи зеризаминии ин корхона паноҳ бурдаанд ва худи шаҳри Мариупол дар натиҷаи бомборонҳои Русия ба як вайрона табдил ёфтааст.

Тасарруфи Мариупол ба Русия имкон медиҳад, ки бо нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 ғайриқонунӣ ба қаламраваш ҳамроҳ кард, роҳи заминӣ дошта бошад. Ҳамчунин бо вилоятҳое, ки таҳти назорати ҷудоиталабони Русия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG