Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хӯроки чиниҳо" дар Суғд мушкилофар шуд. Ду касро ба додгоҳ кашиданд. ВИДЕО


Маҳалли парвариши хукҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ду касро ба иттиҳоми парвариши хук, ки гӯшташро асосан ба коргарони чинӣ мефурӯшанд, ба додгоҳ кашидаанд. Яке аз онҳо соли гузашта муҳокима шуда буд. Раёсати ҳифзи муҳити зист дафъаи аввал ӯро ба "олуда кардани дарёи Сир" гунаҳкор донист, ҳоло ба "хароб кардани замин" муттаҳам медонад.

Насим Дӯстматов ва Даврон Мустафоев, ду сокини вилояти Суғд, дар теппа ё мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба парвариши хук машғуланд. Ҳарчанд дар наздикиҳои ин минтақа мардум зиндагӣ надоранд, мақомот замини онҷоро "кишоварзӣ" мегӯянд.

Масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақа гуфтанд, бо зиёд шудани ин навъи чорво олудагии атроф бештар шудааст. Ҳангоми як санҷиш маълум кардаанд, ки "пасмондаҳои хукҳо ба қабати ҳосилхези замин зиён мерасонанд."

Наворро дар инҷо бинед:

Фермаи хукпарварӣ баста шуд ва ё ҷойи дигар кӯчид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори раёсати ҳифзи муҳити зист дар Суғд, чанде пеш гуфт, "онҳо ба ифлос шудани муҳити зист сабаб гардидаанд. Боз қонуншиканиҳои дигар ҳаст."

Даврон Мустафоев, яке аз моликони фермаи хукпарварӣ, мегӯяд, мақомот парвандаи онҳоро аз рӯи иттиҳоми "хароб кардани замин" ба баррасӣ гирифтаанд, ки аз 30 ҳазор то 48 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду сол зиндонро дар назар дорад. Мустафоев ин иттиҳомро сангин донист ва гуфт, "ин корро дар айёми бознишастагӣ ва аз ночорӣ мекунад."

"Мо иҷозати баровардани поруро дорем, аммо ба ин аҳамият надоданд. Онҳо мегӯянд, мо гуё заминро сӯзондему нобуд кардем, онҷо тамоман замини ҳосилдеҳ нест. Зиёнро 15 ҳазору 400 сомонӣ навиштаанд. Дар ҳеч куҷо фикри маро қабул намекунанд. Ҳар якеамон аз бонк 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаем, то зиндагиамонро бичархонем," – гуфт Даврон Мустафоев.

Ба гуфтааш, ӯ ҳудуди 50 хук дорад ва зиёда аз 300 сари дигарро Насим Дӯстматов баъди бастани фермааш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба инҷо кӯчондааст. Худи Насим Дӯстматов нахост суҳбат кунад. Вай қаблан гуфта буд, ҳамаи хукҳоро ба Ёвон бурдааст. Шарикаш мегӯяд, "дар онҷо минтақаи мувофиқе наёфтанд."

Заминҳои атрофи "хукхона"
Заминҳои атрофи "хукхона"

Дӯстматовро соли гузашта бо гуноҳи "ифлос ё олуда кардани дарёи Сир" ба якуним сол кори ислоҳӣ маҷбур карданд. Вай сесад хук дошт, вале иддао дошт, аз ночорӣ мепарварад.

Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусулмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшту равғани хук парҳез мекунанд, ҳарчанд шумораи ками одамон онро барои табобат истифода мебаранд. Моликони фермаи хукпарварӣ мегӯянд, талабгорони онҳо асосан коргарони чиниҳо ҳастанд. Ҳазорҳо шаҳрванди Чин дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони иншооти муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаи шимоли кишвар, кор мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG