Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Суғд фермаи хукпарвариашро баст, ҷонваронро ба Ёвон фиристод. ВИДЕО


Ин фермаи хукпарварӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов дигар нест
Ин фермаи хукпарварӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов дигар нест

Як сокини вилояти Суғд фермаи хукпарвариашро дар Деҳмой, канори дарёи Сир, ки боис ба нигаронии мардуму мақомот шуда буд, бастааст. Насим Дӯстматовро соли гузашта бо гуноҳи "ифлос ё олуда кардани об" ба якуним сол кори ислоҳӣ маҷбур карданд. Вай сесад хук дошт, аммо мегуфт, аз ночорӣ мепарварад.

"Ҳама шикоят навишт, маҳкам карданд"

Сокинони Деҳмой (ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов) аз баста шудани фермаи хукпарварӣ шод ҳастанд. Онҳо мегӯянд, азбаски дар як тарафи ферма заминҳои кишт доштанду дар канори дигараш зиндагӣ мекарданд, нафаси озод кашида наметавонистанд.

"Бӯйи бад атрофро фаро гирифта буд. Як қисми пасмондаву оби ахлоти он ба рӯд мерехт. Ҳама шикоят навиштем. Аз ҷамоат омада, талаб карданд, ки фермаро бандад. Ҳоло маҳкам карданд," – гуфт Зайнаб Баротова, сокини Деҳмой.

Анвар Олимов, сокини дигари минтақа мегӯяд, "ферма ба мо зиён расонд. Падарам ба сари замин омада, дарди сар мешуданд ва кор карда наметавонистанд. Зиёд атса мезаданд. Дар инҷо имкони кор кардан набуд."

Пештар молики ферма дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар пайи шикоятҳо танҳо ҷойи будубош ва парвариши хукҳоро иваз мекунад, аммо ҳоло нахост дар ин бора видеоӣ маълумот диҳад. Насим Дӯстматов танҳо дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "аз ин кор фоида надид ва пурра даст кашид."

Вай ҳамзамон гуфт, хукҳоро ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фиристодааст. Ҷое, ки ба қавли ӯ шумори зиёди чиниҳо дар корхонаи семент кор мекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тақдири хукҳои фермаи Деҳмой чӣ шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Чанд фермаи дигар ҳаст

Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшту равғани хук парҳез мекунанд, ҳарчанд шумораи ками афрод онро барои табобат истифода мебаранд.

Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ Насим Дӯстматовро барои парвариши хук танқиду насиҳат карда буданд. Худи ӯ ҳам мегуфт, аз ин баҳсҳо огоҳ аст, вале аз ночорӣ ва барои аз банди қарз халос кардани худу пайвандонаш ба ин кор рӯй овардааст. "Харидорони асосӣ коргарони чинӣ ҳастанд," – мегуфт ӯ. Ҳазорҳо шаҳрванди Чин дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони иншооти муҳим дар Тоҷикистон кор мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар ҳудуди вилояти Суғд чанд фермаи хукпарварӣ мондааст. Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, моҳи июли соли гузашта гуфта буд, ки "дар атрофи шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чунин фермаи хукпарварӣ вуҷуд дорад".

Мақомот ҳар чанд вақт аз ҳамлаи хукони ваҳшӣ ба мазореъ ё заминҳои кишт хабар медиҳанд. Шикори як хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон сад сомонӣ, баробар ба тақрибан даҳ доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз фасли баҳор, дар мавсимҳои дигар шикори хук иҷоза аст.

XS
SM
MD
LG