Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ахлоти 300 хукро ба дарёи Сир рехтаанд". Парванда ҳаст, ҷузъиёт нест. ВИДЕО


Дарёи Сир (Сайҳун)

Ба зидди як сокини вилояти Суғд бо гуноҳи такроран "ба дарёи Сир (Сайҳун) партофтани ахлоту пешоби 300 сар хук" парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Фурқат Хоҷазода, додситони Суғд, гуфт, Н.Дӯстматов пештар бо айни иттиҳом ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд.

Мавқеи Дӯстматов ба қазия маълум нест.

Додситони Суғд рӯзи 16-уми июл гуфт, ин шахс сесад хукро дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариш мекунад. Дарёи Сир низ аз байни шаҳри Хуҷанд ва наздикии Деҳмой мегузарад.

"Ахлоту пешоби хук боис ба гирифтор шудани одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад", -- гуфт Фурқат Хоҷазода.

Ба иттилои мақомот, ба зидди Н.Дӯстматов бар асоси моддаи 226, қисми яки Кодеси ҷиноӣ, "ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминӣ ё зеризаминӣ", парванда кушодаанд. Ин банди қонун "аз 140 то 240 соат кори ҳатмӣ, ҷарима ё то ду сол маҳрумӣ аз озодӣ"-ро дар назар дорад.

Бо ин ҳол, маълум нест, хукҳоро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти чӣ шароит парвариш мекунанд ва гӯшту равғани онҳо барои чӣ коре дар назар гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон, ки аксари сокинонаш мусалмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшту равғани хук парҳез мекунанд, ҳарчанд шумораи ками афрод онро барои табобат аз беморӣ истифода мебаранд.

Навор инҷост:

Як сокини Суғд ахлоти 300 хукро ба дарёи Сир "рехтааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Аммо дар Тоҷикистон сари чанд вақт аз ҳамлаи хукони ваҳшӣ ба мазореъ ё заминҳои кишт хабар медиҳанд. Шикори як хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон сад сомонӣ, баробар ба тақрибан даҳ доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Бар асоси қарори ҳукумат, ба ҷуз аз фасли баҳор, дар мавсимҳои дигар шикори хук иҷоза аст.

Мақомот мегӯянд, шумораи хукҳои ваҳшӣ дар кишвар солҳои охир ду баробар бештар шуда, ба ҳисоби онҳо, ба 70 ҳазор сар расидааст.

XS
SM
MD
LG