Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти рассом Даурен Макин бо гумони "таблиғи терроризм"


Даурен Макин
Даурен Макин

Рассом аз шаҳри Нурсултон Даурен Макин аз сӯи маъмурони амниятии Қазоқистон бо гумони "таблиғи терроризм" дастгир шудааст.

Падари рассом Аскарбек Макин ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта, ки писараш як ҳафта мешавад, дар ҳабс аст.

Ба гуфтаи Аскарбек, писари ӯ гуё моҳи декабри соли гузашта дар суҳбат бо нафаре кормандони давлатиро "кофир" номида, ба мубориза зидди ҳукумат даъват кардааст.

Вале Аскарбек Макин мегӯяд, писари ӯ танҳо як рассоми одӣ буда, бо "сиёсат ҳеч коре надошт". "Танҳо намоз мехонад, магар ин ҷиноят аст?", - афзуд ӯ.

Вакили дифои рассом Жасулан Комеков гуфт, ду нафар худро алоқаманди ҳунари рассомӣ муаррифӣ карда, суханҳои Даурен Макинро сабт кардаанд.

"Ӯро танҳо дар асоси ин сабт айбдор мекунанд. Дигар ҳеч далеле дар даст надоранд. Ташхис гӯиё дар суханҳои Макин таблиғи терроризмро муайян кардааст", - илова кард вакили дифоъ.

XS
SM
MD
LG