Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи иҷроияи президент: Расонаҳоро ба "худию бегона" ҷудо намекунем


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сардори шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Олтинбек Ҷумъаев мегӯяд, мақомоти кунунии он кишвар расонаҳоро "ба худӣ ва бегона" ҷудо намекунанд.

Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо рӯзноманигор Майраш Базлакунова изҳори назар кардааст. Навори суҳбат дар саҳифаи рӯзноманигор дар Ютуб нашр шудааст.

Ҷумъаев бо ишора бар он ки шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президентҳои собиқи Қирғизистон рӯзноманигоронро ба "худӣ ва бегона" ҷудо мекарданд, гуфтааст, ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ омодааст, бо ҳамаи расонаҳо якхел ҳамкорӣ кунад.

Дар Қирғизистон аз оғози имсол ба зидди як қатор расонаҳои мустақил, аз ҷумла Kaktus.Media, телевизиони Next TV, рӯзноманигор ва бунёдгузори Temirov.Live Болот Темиров парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG