Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушакборони Одесса аз сӯи Русия куштаву захмӣ ба ҷой гузошт


Русия рӯзи душанбе ба шаҳри Одессаи Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом дод. Дар шаҳр ду садои таркиш шунида шуд. Мушакҳо дар куҷо расидаанд - ҳанӯз маълум нест.

Вакили порлумони Украина Алексей Гончаренко аз марги як нафар ва маҷруҳ шудани нафари дигар хабар дод. Вай ҳамзамон гуфт, ки эҳтимол дорад, куштаву захмиҳои дигар ҳам бошанд.

Ин ҳамлаи аввал ба Одесса нест. Рӯзи 30-юми апрел дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ хати парвоз ва нишасти фурудгоҳ шаҳр вайрон карда шуд. Як ҳафта пеш аз ҳамлаи фурудгоҳ, мушаки Русия ба бинои истиқоматие расид, ки дар натиҷа 8 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG