Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ҷашни Иди Фитрро ба Кохи Сафед бозгардонд


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 2-юми май Иди Фитрро ҷашн гирифт ва ба ин тартиб, суннати баргузории ҷашни поёни моҳи Рамазонро дар Кохи Сафед, ки дар замони раҳбарии Доналд Трамп барҳам дода шуда буд, эҳё кард.

Оқои Байден, ки дар рӯбарӯи садҳо нафар суханронӣ мекард, гуфт, ки ӯ дар маъракаи интихоботи президентӣ ваъда дода буд, ҷашни Иди Фитрро ба Кохи Сафед бозмегардонад. Аммо соли гузашта ба хотири паҳншавии КОВИД-19, маҷбур шуд ин маросимро ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ баргузор кунад.

Вай изҳор дошт, "имрӯз дар саросари ҷаҳон шоҳиди он ҳастем, ки мусалмонони бисёре ҳадафи хушунат қарор мегиранд. Ҳеҷ касе, ҳеҷ касе набояд ба хотири боварҳои мазҳабии худ табъиз ва саркӯб шавад".

Раиси ҷумҳури ИМА дар идома афзуд, "бояд баён намоям, ки ҳанӯз корҳои бисёре барои анҷом додан боқӣ мондааст. Чӣ хориҷ аз кишвар ва чӣ инҷо. Мусалмонон ҳар рӯз миллати моро қавитар мекунанд, ҳатто бо инки онҳо бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва таҳдидҳои воқеӣ дар ҷомеаи мо рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумла хушунатҳои ҳадафманд ва исломҳаросӣ".

Президентҳои Амрико аз замони Билл Клинтон Иди Фитрро ҷашн мегирифтанд. Аммо дар замони президентии Доналд Трамп ҳеҷ маросиме баргузор намешуд ва ӯ танҳо баёнияҳоеро ба ин муносибат нашр мекард.

Байден рӯзи душанбе гуфт, ки ӯ ахиран нахустин зани мусалмонро ба як мақом дар ҳукумати федералӣ таъйин кард ва ин амр нишондиҳандаи пойбанд будан ӯ ба ваъдаҳояш мебошад.

Толиб Шариф, имоми масҷиди "Муҳаммад" дар Вашингтон низ дар маросими Кохи Сафед гуфт, "мизбон шудан дар инҷо як паёми муҳим барои миллати мо ва ҷаҳониён дорад. Ин паём, ки ислом бахше аз миллати мо аст ва олитарин мақом дар ин сарзамин худро пойбанд ба арзишҳои асосии миллат ва ҳимоят аз озодии мазҳабӣ медонад".

XS
SM
MD
LG