Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон тасмим надорад, чархболҳоро ба Афғонистон баргардонад


Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Узбекистон тасмим надоранд, техникаи низомиеро, ки моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон ба ҳудуди ин кишвар ворид шудааст, ба "Толибон" баргардонанд. Дар ин бора намояндаи махсуси Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев ба расонаҳо хабар дод. Ӯ гуфтааст, ин техникаҳо моли Амрико ҳастанд.

Моҳи январи имсол "Толибон" аз Узбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буданд, ки 40 чархболро баргардонанд. Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи ҳукумати мудофиаи Толибон он замон гуфта буд, ки "ба ҳукуматҳои ду кишвар борҳо муроҷиат ва баргардонии чархболҳоро хостаанд".

Сухан аз 24 чархбол ва 22 ҳавопаймо меравад, ки низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли гузашта ба Узбекистон фирор карда буданд. 18 техникаи низомии Афғонистон ба ҳамин тартиб ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Намояндагони Вазорати мудофиаи Амрико тасдиқ карданд, ки на Узбекистон ва на Тоҷикистон нияти баргардонии ҳавопаймоҳову чархболҳоро ба Афғонистон надоранд. Дар ҳамин ҳол, амрикоиҳо гуфтанд, то кунун тасмим нагирифтаанд, бо ин техникаҳо чӣ кор кунанд.

XS
SM
MD
LG