Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдор. Нигоҳе ба корномаи Мақсуд Икромов. ВИДЕО


Мақсуд Икромов соли 1997 дар як садамаи нақлиётии шубҳабарангез ҳалок шуд.

Шаҳрдори пешини Душанбе, Мақсуд Икромов дар таърихи Тоҷикистон шахсе дониста мешавад, ки ба баркандани ҳайкали доҳии коммунистон Владимир Ленин аз маркази пойтахт дастур дод. Баркандани муҷассама ҳазорон тарафдори коммунизмро ба майдон кашонд ва Ҳизби коммунистро, ки амалан давлат андаруни давлат буд, такони ҳалкунанда дод. Таконе, ки баъдан заминаи ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Сарнавишти Мақсуд Икромов ин будааст, ки дар давраи пуршӯре, аз соли 1986 то 1993 раиси шаҳри Душанбе бошад.

Шаҳрдори соҳибикром. Нигоҳе ба корномаи Мақсуд Икромов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:34 0:00

Тарафдоронаш мегуянд, қарори баркандани ҳайкали Лекинро на Мақсуд Икромов, балки [раиси Шӯрои Олӣ] Қадриддин Аслонов содир карда буд ва ҳодисаҳои баъдӣ собит карданд, ки ин як иғво ё тавтеа нисбати шаҳрдори вақт буд.

Вале ҳанӯз он замон рӯшан буд, ки дар байни ҳукумати вақт ва нерӯҳои нави сиёсӣ, Мақсуд Икромов дуввумиҳоро интихоб кардааст. Ҳамчун як шахси боғайрат ва ташаббускор ӯ натавонист, сусткорӣ ва мухолифати ҳамҳизбонашро ба талабҳои замон таҳаммул кунад. Талабҳое, ки бозсозии горбачёвӣ имконпазир гардонда буд. Монанди фаъолиятҳои тиҷоратию бозаргонӣ, хусусигардонӣ, равобити байнулмилалӣ, эҳёи забону фарҳанги миллӣ ва монанди инҳо.

Ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон тасмиме надошт, шаҳрдори Душанбе пойтахти кишварро бо Клангенфурти Олмон ва Боулдери Амрико бародаршаҳр кард ва ҳам нахустин ҳайати давлатию тиҷоратии Эронро ба Тоҷикистон даъват намуд. Истиқлоли ӯ на ҳизб ва на ҳукуматро хуш намеомад.

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор ва таърихшиноси тоҷик мегӯяд, дар ин раванд интихоби худи ӯ низ нақш дошт, ки ҳамчун узви тими нахустпрезидент Қаҳҳор Маҳкамов зидди бозгашти Раҳмон Набиев ба сари қудрат буд.

Нуралӣ Давлат мегӯяд: “Дар аввалин интихоботи президентӣ он замон номзадҳои асосӣ Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов буданд. Мақсуд Икромов дар сессия баромад карда, аз Раҳмон Набиев шадидан интиқод кард, ки нақшаи генералие, ки Набиев дар Маскав тасдиқ кардааст, нокомил ва баҳсбарангез аст. Ҳамин тавр Икромов аз як ҷониб кадри Маҳкамов ҳисоб мешуд ва дар муқобили Набиев баромад карда буд. Вақте вазъ дар соли 1991 тағйир ёфт ва Қаҳҳор Маҳкамов зери фишор истеъфо дод, ҳамин тавр фишорҳо болои Мақсуд Икромов ҳам зиёд шуданд ва ӯ дар ин маврид аз ҳизби комунист фосила гирифт."

Роҳи дигаре ба ҷуз аз пайвастан ба мухолифон надошт

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, ки аз шаҳрдори собиқ "ба ҳайси як инсони кордону ростманиш" ёд мекунад, мегӯяд, Мақсуд Икромов дар баробари вакили Шӯрои олӣ будан, "ҳеч гоҳ аз ибрози ақидааш дар ҷаласаҳо ва ҳамчунин тавассути расонаҳо худдорӣ намекард."

Вақте баркандани ҳайкали Ленин дар 21 сентябри соли 1991 коммунистонро ба хашм овард ва онҳо тавонистанд, Қадриддин Аслоновро аз ду вазифа, раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент барканор кунанд ва Набиевро ба сари қудрат оранд, Мақсуд Икромов роҳи дигаре ба ҷуз аз пайвастан бо мухолифонро надошт.

Дар ҳамин ҷаласаи порлумон Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, додситони кулли вақт талаб кард, дахлнопазири Икромов дар робита ба кандани ҳайкали Ленин бекор шавад ва ӯ хоҳад тавонист, шаҳрдорро дар ҳамин толор ба ҳабс гирад. Ин дар ҳоле буд, ки пештар ҳам талошҳои боз кардани парвандаи ҷиноӣ зидди Икромов ҷой доштанд.

Дар соли 1991 ӯро барои тақсими бенавбати мошину манзил танқид карданд ва дар ин бора дар ҳафтаномаи «Сухан» мақолае зери унвони «Саховати шӯъбадабоз» нашр шуд.

Ниҳоят, тавре ки Нуралӣ Давлат мегӯяд, Икромов соли 1992 замони додситони кул будани Нурулло Ҳувайдуллоев боздошт ва сентябри ҳамон сол, баъд аз қатл шудани Ҳувайдуллоев ва барканории Раҳмон Набиев аз мақоми раисҷумҳурӣ раҳо гашт. Вай тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ширкат дошт ва то баҳори соли 1993 фаъолияташро идома дода, баъдан аз Тоҷикистон ба Русия фирор кард.

Назди мардум мерафт...

Сабабҳои бо ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмонов ва Абдумалик Абдуллоҷонов муддате кор кардани ӯро бо собиқаи шаҳрдорияш дар Кӯлоб ва ҳунари раҳбарияш рабт медиҳанд. Ҳамчунин ба шуҳрат ва маҳбубияти ӯ дар байни мардум. Пеш аз он ки муҳандиси ҷавон ва шаҳрдори собиқи Кӯлоб раиси Душанбе шавад, чанд сол гӯяндаи телевизиони Тоҷикистон буд ва ҳатто дар театр нақш меофарид. Ӯро “чеҳраи Душанбе” меномиданд, чун шаҳрро обод мекард ва гӯё ҳаргиз хаста намешуд.

Майсара Калонова, раиси пешини ҷамъияти "Дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ" мегӯяд, маҳз Икромов ҳар рӯз корашро соати 5-и субҳ аз гардиши шаҳр сар мекард, барои ҳама дастрас буд, назди мардум мерафт ва рубару бо онҳо суҳбат мекард, то аз мушкилашон огоҳ шавад. Мақсуд Икромов ба аҳли фарҳанг диққати хос медод. Баробари сохтани биноҳои наву баландошёна дар пойтахт ва таъмини адибону фарҳангиён бо манзилҳои шахсӣ, ҳамчунин ба бунёди ду театри шаҳрӣ “Аҳрорун” ва “Оина” асос гузошт.

Хайрхоҳи фарҳангиён буд...

Аксари фарҳангиёну адибон аз кумакҳои Икромов ба ин қишр ёд меоранд. Нарзулло Латифов, шореҳи варзиш мегӯяд маҳз баъди ба мақоми шаҳрдори Душанбе расидани Мақсуд Икромов, робитаи ҳукумати шаҳр бо дастаи дар он солҳо машҳуру асосии кишвар “Помир” хеле беҳтар шуд. Ин ҳамсуҳбати мо саҳми Икромовро барои ба лигаи олӣ баровардани дастаи “Помир” муҳим арзёбӣ мекунад. Ба таъкиди Латифов, Мақсуд Икромов борҳо бо роҳбарону футболбозони “Помир” вохӯрда, арзашонро шунидааст ва ба чӣ эҳтиёҷ доштанашонро фаҳмид ва зуд аз паи иҷрои ваъдаҳояш мешуд: “Яке аз масоили ҳалталаб бо манзил таъмин намудани бозингарону мураббиёни “Помир” буд. Ин масъала бо кӯмаки амалии раиси шаҳр Мақсуд Икромов ҳалли худро ёфт. Умуман, ҳеч гоҳ футболбозону мураббиёни “Помир” чун солҳои раисии Мақсуд Икромов бисёр хона нагирифта буданд. Бо номи Мақсуд Икромов дар таърихи футболи шӯравӣ, аз он ҷумла футболи тоҷик, саҳифаи тозае марбут аст. Соли 1989 бо даъвати ӯ мири бародаршаҳри Душанбе – Лусакаи Замбия ба Тоҷикистон се футболбоз – нимҳимоятгар Дерби Манкинка, ҳамлагарон Персон Мванза ва Уиздом Чансаро фиристод. Ин се легионер дар бозиҳои охирини чемпионати 52-юми СССР байни дастаҳои лигаи олӣ шарафи футболи Тоҷкикистонро ҳимоя карданд.”.

Шоирони номвар Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар ҳаққи ӯ шеълу ғазал суруда, ӯро “шаҳрдори соҳибикром” номидаанд. Вай узви ҳайатҳои таҳририяи чандин нашрияву маҷалла, аз ҷумла ҳафтаномаи он замон пуровозаи “Чароғи рӯз” буд.

Пас аз онки мақоми шаҳрдории Душанбе ба ҳампаймони Эмомалӣ Раҳмон – Маҳмадсаид Убайдуллоев гузашт, Икромов ба Эрон ва сипас Русия ҳиҷрат карда, бо дӯсташ, шаҳрдори пешини Петербург Анатолий Собчак ширкатҳои тиҷоратӣ боз намуд. Ин тиҷорат Русия, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва чанд кишвари дигарро фаро мегирифт. Ҳангоми яке аз сафарҳои хидматияш ба Самарқанд ва зодгоҳаш Панҷакент, дар як садамаи нақлиётӣ ба таври мармуз ҳалок шуд. Агар ин ин ҳодиса намешуд, ӯ ва наздикону ҳаводоронаш метавонистанд, имсол рӯзи 2 -юми май 75-солагияшро ҷашн гиранд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG