Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил баёнияи Лавров дар бораи яҳудиёнро "расво" номид


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Вазорати умури хориҷии Исроил, сафири Русия дар кишварро ба вазорат хонда, аз Маскав хостааст, барои баёнияи Сергей Лавров дар бораи решаҳои яҳудӣ доштани Адолф Гитлер узр пурсад.

Лавров дар як мусоҳиба бо телевизиони Итолиё дар рӯзи 1-уми май дар посух ба ин ки чигуна Русия метавонад, кишвареро, ки раҳбараш яҳудӣ аст, аз “фашистон пок созад” иддао кард, ки худи Адолф Гитлер ҳам хуни яҳудӣ доштааст.

Сергей Лавров дар мусоҳиба бо телевизиони Rete 4 гуфт: “Ӯ (Зеленский) ваҷҳ меорад, ки ӯ яҳудӣ аст ва чӣ гуна мо фашизм дорем. Шояд хато кунам, вале Адолф Гитлер ҳам хуни яҳудӣ дошт. Ин ҳеч аҳамият надорад. Мардуми хирадманди яҳудӣ мегӯяд, сарсахттарин яҳудиситезон, маъмулан яҳудиён ҳастанд.”

Йаир Лапид, вазири умури хориҷии Исроил гуфт, ки сафири Русияро барои як “гуфтугуи сахт” даъват мекунанд ва ин баёнияи Сергей Лавровро “нобахшиданӣ, расво ва хатои таърихии ваҳшатнок” номид. Ӯ гуфт: “Яҳудиён якдигарро дар замони Ҳолокост накуштаанд. Бадтарин яҳудиситезӣ ин муттаҳам кардани яҳудиён ба яҳудиситезӣ аст.”

Дани Даян, раиси созмони Яд Вашем, ки ёди 6 миллион яҳудии қатли ом шуда дар Ҳолокостро гиромӣ медорад, баёнияи Сергей Лавровро “таҳқир ва зарбаи сахте ба қурбониёни фашизми ҳақиқӣ номид.” Ӯ дар гуфтугуе бо як радиои Исроил гуфт, Сергей Лавров “бе ягон далели воқеӣ ба паҳн кардани дасиса ба зидди яҳудиён” машғул шудааст.

XS
SM
MD
LG