Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия ба маъракаи таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шуд


Норвегия
Норвегия

Норвегия, узви паймони низомии НАТО, мегӯяд, ба пайравӣ аз Иттиҳоди Аврупо сарҳад ва бандарҳои худро ба рӯйи мошинҳои боркаш ва киштиҳои Русия мебандад.

Иттиҳоди Аврупо дар робита ба ҳамлаи беасоси Русия ба Украина алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Норвегия, Анникен Ҳюитфелдт, ба телевизиони NRK гуфт, Сторског, ягона гузаргоҳи сарҳадии байни Норвегия ва Русия, барои интиқоли молҳое, ки дар рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо сабт шудаанд, баста хоҳад шуд.

“Аммо киштиҳои моҳигирии Русия, ки аксар вақт моҳиҳои доштаи худро дар бандарҳои шимоли Норвегия мефурӯшанд, аз таҳримҳо озод хоҳанд буд,” -- гуфт Ҳюитфелдт рӯзи 29-уми апрел.

Норвегия узви Иттиҳоди Аврупо нест, аммо ба минтақаи Шенген дохил мешавад, ки аз 26 кишвари аврупоӣ иборат аст. Ин кишварҳо назорати сарҳадро байни қаламравҳои худ расман бекор кардаанд.

Норвегия ва Русия 196 километр сарҳад доранд.

XS
SM
MD
LG