Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия талош дорад, таҳримҳои иқтисодиро тавассути Узбекистон давр занад


Намоишгоҳи саноатии "Иннопром. Осиёи Марказӣ" дар Тошканд
Намоишгоҳи саноатии "Иннопром. Осиёи Марказӣ" дар Тошканд

Ширкатҳои Русия, ки зери таҳрими Аврупову Амрико ҳастанд, талош доранд, Узбекистонро ҳамчун бозори фурӯши маҳсулоти худ ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ аз Аврупо истифода баранд.

Дар намоишгоҳи саноатии "Иннопром. Осиёи Марказӣ" дар Узбекистон даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Тоҷироне, ки дар намоишгоҳ ширкат доштанд, гуфтанд, ширкатҳои Русия қасд доранд, дар Узбекистон гандум, равған, дору ва дигар маҳсулотеро ба фурӯш гузоранд, ки наметавонанд, дар Ғарб бифурӯшанд.

Ширкатҳои бузурге, амсоли КАМАЗ ва Lada, ки аз тарафи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида таҳрим шудаанд, талош доранд, қисмҳои эҳтиётиро аз Аврупо тавассути Узбекистон дастрас кунанд.

Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, дар намоишгоҳи серӯза дар Тошканд бештар аз 200 ширкати хориҷӣ ва зиёда аз 1300 соҳибкори инфиродӣ аз Фаронса, Италия, Ҳолланд, Ҳинд ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кардаанд. Бештар аз ҳар кишвари дигар ширкатҳои русӣ маҳсулот ва хидматрасониашонро ба намоишгоҳ оварда буданд.

XS
SM
MD
LG