Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайат аз Тоҷикистон ба паноҳгоҳе дар Сурия рафтааст. ВИДЕО


Моҳи декабри соли гузашта низ дипломатҳои тоҷик ба Сурия рафта буданд ва занҳоро барои бозгашт номнавис карданд.

Як ҳайат аз Тоҷикистон як ҳафта пеш ба Сурия рафта, бо занони тоҷик дар паноҳгоҳи Роҷ вохӯрдааст.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, дар ин ҳайат намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳои тоҷик ҳузур доштанд. Ҳадаф аз сафари намояндагони тоҷик ба Сурия, фароҳам овардани шароити бозгашти занони тоҷик ба ватан гуфта мешавад. Дар ин паноҳгоҳ ҳудуди 20 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешавад, вале дар дигар паноҳгоҳ шумораи занону кӯдакон ба беш аз 500 нафар мерасад, ки бештарашон дар интизори бозгашт ба ватан ҳастанд.

Як манбаи огоҳ аз ин сафар бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳо бо занони тоҷик дар паноҳгоҳҳо вохӯрданд.

Дипломатҳои тоҷик ба суроғи занони ДОИШ-иён рафтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ду зани тоҷик дар паноҳгоҳи “Рож” ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки намояндагони мақомот ба назди онҳо омада буданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, “намояндагони мақомот номи онҳоро навишта, ваъда додаанд, ки ба Тоҷикистон бармегардонем.”

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт, ки масъули баргардонидани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия низ ҳаст, хабари сафари намояндагони тоҷик ба Сурияро тасдиқ кард.

“Тибқи супориши роҳбари давлат мо пурра муайян карда истодаем, ки вазъият чӣ хел аст, кӣ рафтан мехоҳад, кӣ рафтан намехоҳад. Мо онҳоро муайян карда истодаем ва барои бурданашон саъю кӯшиш карда истодаем. Ин кор зери назорати роҳбарияти давлат ва вазорати корҳои хориҷӣ аст,”--афзуд Зубайдзода.

Дар паноҳгоҳи Рож ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд.

Мақомот, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, қаблан ваъда дода буданд, ки занону кӯдакони тоҷикро аз Сурия ба ватан бармегардонанд. Аммо бо гузашти чор сол то ҳол ин кор амалӣ нашудааст.

Бархе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратӣ гуфтанд, бархе масъулин дар раддаҳои боло мухолифи овардани занони тоҷик аз Сурия ҳастанд.

Ба гуфтаи онҳо, бархе масъулин дар симои заноне, ки чанд сол дар зери назорати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” зиндагӣ кардаанд, хатарро мебинанд. “Ба ин хотир, онҳо ба бозгашти ин занон розӣ нестанд,”-афзуд як манбаи Радиои Озодӣ.

Бештари занони тоҷик дар Сурия худро фиребхӯрда медонанд ва мегӯянд, шавҳаронашон онҳоро ба инҷо овардаанд.

Дар Тоҷикистон нисбати аксари ин занон бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар парванда боз шудааст. Аммо занони тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия мегӯянд, зиндонӣ будан дар Тоҷикистон беҳтар аз аҳволи ҳозираашон аст.

Бархе таҳлилгарон аз нигарониҳое мегӯянд, ки зоҳиран монеи бозгашти занони тоҷик аз Сурия ба ватан шудааст.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ бар ин назар аст, ки ин занонро бояд ба Тоҷикистон оварда, онҳоро дар марказҳои махсус мағзшӯӣ кард.

“Инҷо бояд маркази реабилитатсионӣ ё мутобиқшавӣ сохтан даркор. Онҳоро аз ҳама чиз ҷудо карда, фикру ақидаи онҳоро дигар кардан даркор. Барои ин мо мутахассис надорем. Агар 500 занро оварда дар зиндон монанд, дигар занонро мумкин аст тарафи худашон мекашанд. Шояд ҳукумат фикр карда истодааст, ки агар ин занҳоро қабул кунад бо онҳо чӣ кор мекунем,”--таъкид кард Ҳодизода.

Пештар сомонаи амрикоии "Фронтлайн" Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишваре ҷой додааст, ки теъдоди шаҳрвандонаш дар паноҳгоҳҳои Сурия зиёданд, вале ин кишвар талоши амалие барои баргардондани онҳо накардааст. Мақомоти тоҷик борҳо аз талош барои бозгардонии занон хабар додаанд.

Тоҷикистон таҷрибаи бозгашти шаҳрвандонаш аз Ховари Миёнаро дорад. Соли 2019 Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд.

Мақомоти тоҷик қаблан гуфта буданд, ки наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ДОИШ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Аксари ин мардон кушта шуда, вале ҳоло зану фарзандонашон сарсонанд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG