Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳо ду истгоҳи радиоии Наздиднестр осеб дид


Вазири дохилии ҳукумати худхондаи минтақаи Наздиднестри Молдова, ки аз Маскав пуштибонӣ мебинад, рӯзи 26-уми апрел гуфт, ки ду истгоҳи радиоӣ дар ин минтақа бар асари таркишҳо осеб дидааст. Вазорат гуфт, таркиш субҳи барвақт дар деҳаи Маяки ноҳияи Григориопол рух дод ва дар ин ҳодиса ду мавҷгири истгоҳҳои радиоҳо хароб шуд. Дар ин ҳодиса касе осеб надид. Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Тибқи иттилои дигар, дар натиҷаи таркише, ки рӯзи 25-уми апрел дар шаҳри Тираспол, калонтарин шаҳри минтақаи Наздиднестр рух дод, эҳтимолан ошёнаҳои болои вазорати амнияти давлатии минтақа осеб дид. Намояндаҳои мақомоти ин минтақаи худхонда ишора карданд, ки ин ҳодиса метавонад “баҳонае бошад барои эҷоди таниш дар минтақае, ки таҳти назорати ҳукумати конститутсионӣ нест”. Украина гуфт, ки ҳамлаҳои эҳтимолӣ “як тавтеаи” ташкилкардаи Хадамоти амнияти федеролии Русия буда метавонад.

Минтақаи Наздиднестр, ки дар як қарамрави борики байни Молдоваву Украина ҷойгир аст, соли 1990 истиқлолияти худро эълон кард. Соли 1992 дар паи низои мусаллаҳонаи кӯтоҳмуддате, ки дар миёни Молдова ва Наздиднестр сар заду нирӯҳои русӣ аз ҷониби ҷудоиталабон ба ин низоъ мудохила карданд, тахминан як ҳазор нафар кушта шуд. Русия баъди ин 1400 сарбозашро дар ин минтақа мустақар кард ва ҳоло дар ин ҷо инчунин як амбори калони силоҳ ҳам ҷойгир мебошад.

XS
SM
MD
LG