Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Туркманистон бахшида ба "Шаби қадр" 514 маҳбусро афв кард


Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.
Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон.

Президенти нави Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 22-юми апрел қонуни нави афви маҳбусонро дар он кишвар имзо кард.

Дар иттилоияи расмии мақомоти Туркманистон гуфта шуда, ки ин қонун бахшида ба "Шаби қадр" дар моҳи Рамазон имзо шудааст ва бар асоси он 514 маҳбус аз зиндон озод мешаванд.

Мақомоти туркман гуфтаанд, маҳбусони озодшуда "аз кардаи худ сахт пушаймон" гаштаанд.

Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, "бо имзои қонуни афв ба шахсоне, ки аз ҷинояти содиркардаашон сахт пушаймон шудаанд, имкон медиҳем, то гуноҳи худро бо меҳнати ҳалол ҷуброн кунанд ва дар рушди кишварамон фаъолона иштирок кунанд".

Президенти Туркманистон ҳамасола бахшида ба ид ва ҷашнҳои давлатӣ маҳбусонро афв мекунад ва коршиносон ин амали ӯро ҳамчун як василаи боло бурдани обрӯй меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG