Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори тарёк дар Ҳавзи Мадад. Харидору фурӯшанда кист? ВИДЕО


"Агар ин кор набошад, кӯдаконашон аз гуруснагӣ мемиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Дар мавзеи Ҳавзи Мадад, дар ноҳияи Жерайи Қандаҳор, ки қаблан фурӯши афюн ҳафтае ду рӯз баргузор мешуд, ҳоло ҳамарӯза дар авҷ аст. Тоҷирон мегӯянд, нархи ин навъи маводи мухаддир нисбат ба як ҳафтаи қабл зиёда аз 100 ҳазор рупияи покистонӣ афзудааст.

Бошандагони рустои Ҳавзи Мадади ноҳияи Жерайи Қандаҳор инҷо ба тиҷорати шираи кӯкнор машғуланд. Хушҳолӣ дар чеҳраҳои рӯзгордидаашон ҳам аз дарёфти маблағи ночизест, ки аз фурӯши афюн ба даст меоранд. Зоҳиран тарёк сарчашмаи аслии даромади хонаводаҳояшон аст.

2Кӯкноре ки кишт мешавад, ҳамин мардуми фақир тухми онро қарз гирифта, кишт мекунанд. Вақте ҳосилро мегиранд, онро ба 10, 20 ё 30 афғонӣ мефурӯшанд. Агар ин кор набошад, кӯдаконашон аз гуруснагӣ мемиранд. Ҳоло ҳеч кас барои каси дигар 1 афғонӣ ҳам қарз намедиҳад," --мегӯяд Лаъл Муҳаммад, фурӯшандаи тарёк.

Афюн ё шираи кӯкнор солҳост, аз ҳамин киштзорҳо ҷамъоварӣ ва дар бозори Ҳавзи Мадад ба фурӯш гузошта мешаванд. Жерай аз ноҳияҳоест, ки имсол дар он кишти кӯкнор бештар буд, вале ба қавли деҳқонҳо "хушксолӣ ҳосилро кам кард".

Абдулислом Маҳмад, деҳқони афғон, мегӯяд, “бидуни ин чизи дигаре ҳосил надорем, имсол об набуд, хушксолӣ буд. Имсол ҳосиламон мисли солҳои пеш нест, ҳосил камтар шуд."

Қашшоқӣ бештар аз ҳар вақти дигар пиру ҷавонро ба ин заминҳо кашонидааст. Ҳатто аз вилоятҳои дигар ҳам меоянд.

Ниёзмаҳмад дар замини кукнор кор мекунад. Ӯ мегӯяд: "Мо ҳудуди 6 моҳ мунтазири ин ҷо будем. Пул нест, ҳама ҷавонон бекоранд. Мо барои неш задан ин ҳама муддат интизор будем. Ҳоло ба кор масруф ҳастем. Феълан бисёр хуш ҳастем. Тамоми ҷавонон масруфи кор аст ва кор мусоид аст.”

Коре, ки таъму лаззати он дар комҳо зудгузар аст ва зарараш дору надори наслҳои имрӯзи фардоро барбод медиҳад. Чанде пеш Мулло Ҳайбатулло, раҳбари Толибон дастур дод, ки кишти кукнор манъ шавад. Дастуре, ки ин деҳқононро водор хоҳад кард, ки ба фикри кишти зироати дигаре бошанд.

XS
SM
MD
LG