Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эммануэл Макрон бори дувум раиси ҷумҳури Фаронса шуд


Бар пояи натиҷаҳои пешакӣ, Эммануэл Макрон бо ба даст овардани 58 дарсади раъйҳои интихобкунандагон, барандаи даври дувуми интихоботи президентии Фаронса эълон шуд. Марин Лё Пен, рақиби ростгароии ӯ 42 дарсади раъйҳоро ба даст овард. Даври дувуми интихоботи президентии Фаронса рӯзи якшанбеи 24-уми апрел баргузор шуд.

Чанд дақиқа пас аз эълони натиҷаҳои расмӣ, Лё Пен дар нахустин суханронии худ пас аз поёни даври дувуми интихоботи президентӣ гуфт, "албатта мо мехостем натиҷа дигар бошад. Аммо ба даст овардани беш аз 42 дарсади овозҳо, худ як пирӯзии чашмрас аст". Вай дар ин суханронии худ афзуд, "дар ин шикаст наметавонам эҳсоси умедворӣ надошта бошам".

Ӯ хабарҳо дар мавриди бознишаста шуданаш дар мавриди шикаст дар интихоботи президентиро рад кард ва таваҷҷуҳи тарафдоронашро ба интихоботи порлумонии Фаронса ҷалб кард, ки чанд ҳафта баъд доир мешавад. Хонум Лё Пен таъкид кард, ки рақобат ҳанӯз тамом нашудааст ва ҳизби ӯ барои курсиҳои порлумон мубориза мебарад.

Дар Фаронса 48,7 миллион шаҳрванд ҳақи ширкат дар интихоботро доранд. Соли 2017 ҳам Макрон дар муқобили Лё Пен дар интихоботи президентӣ иштирок кард ва он замон натиҷаи овоздиҳӣ 66 дарсад ба тарафдориву 34 дарсад мухолифи Лё Пен буд.

Бештари раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз Макрон ҷонибдорӣ карда, изҳори нигаронӣ карда буданд, ки пирӯзии рақиби ростгарои ӯ ба Иттиҳоди Аврупо метавонад осеб расонад. Пас аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентии Фаронса, шуморе аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Владимир Зеленский, президенти Украина пирӯзии оқои Макронро табрик гуфтанд.

Эммануэл Макрон панҷ сол пеш бо вуруд ба қасри президентӣ, номи худро ба унвони ҷавонтарин раҳбари Фаронса баъд аз Наполеон дар таърих сабт кард. Бо пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи якшанбе оқои Макрон аввалин раиси ҷумҳури Фаронса дар 20 соли гузашта хоҳад буд, ки барои бори дувум дар ин мақом ба фаъолият идома медиҳад. Охирин бор Жак Ширак, дар интихоботи 20 сол пеш тавониста буд, ки барои бори дувум раиси ҷумҳур интихоб шавад.

XS
SM
MD
LG