Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

280 метри кубӣ дар як сония. Сатҳи оби дарёи Панҷ кам мешавад. ВИДЕО


Дарёи замоне пуртуғён ва сероби Панҷ бо мушкили камобӣ рӯбарӯ шудааст

Солҳои охир нигарониҳо аз кам шудани сатҳи об дар дарёи Панҷ, ки василаи муҳими обёрии заминҳои кишт дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад, зиёд мешавад.

Ҷазираҳои хушкида ва сангҳои намоёни бистари дарё яке аз нишонаҳои кам шудани сатҳи об дар дарёи Панҷ аст. Ин ҳолат масъулини ноҳияҳои соҳили дарёи Панҷро дар минтақаи Кӯлоб аз камобӣ нигарон кардааст. Соли ҷорӣ бо омадани гармо оби маҷрои дарёи Панҷ аз 2400 метри кубӣ дар як сония ба 280 метри кубӣ расидааст. Ноҳияи Ҳамадонӣ дар саргаҳи ин дарё қарор дорад ва се ноҳияи минтақаро бо об таъмин мекунад.

Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ дар як нишасти матбуотӣ дар ин замина гуфт: “Мутаассифона, маҷрои дарёи Панҷ бениҳоят дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳоли ҳозир маҷрои дарёи Панҷ ҳамагӣ 280 метри кубӣ дар як сония ҳаст, ки яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин аст. Соли гузашта нуқтаи пик ё аз ҳама баландаш 1100 куб дар як сония буд, дар ҳоле, ки дар гузаштаҳо 2300-400 кубро ташкил медод”.

Камбуди об дар рӯди Панҷ кишоварзони хатлониро нигарон кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Сатҳи оби дарёи Панҷ маъмулан дар фасли гармо баланд мешуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, яке аз сабабҳои камобӣ гарм омадани фаслҳои сол дар заминтон ва кам шудани боришот аст. Ин ҳолат ба кори кишварзон, ки даромади аслии зиндагии худу иқтисоди маҳаллиро таъмин мекунанд, таъсир расондааст. Кишоварзон дар Фархору Восеъ мегӯянд, камобидро дар ду соли ахир зиёд эҳсос мекунанд.

Бозоралӣ Одиназода гуфт: “Мо ҳозир камобӣ дорем. Аз ин канали Чубек се ноҳияи калонтарини минтақа - ноҳияи Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор об мегирад. Инро низ қайд кунем, ки об имсол намедонам чӣ мешавад, то ҳол бениҳоят кам аст.”

Ноҳияи Фархор ҳарчанд дар паҳлуи дарёи Панҷ ҷойгир аст, аммо обашро аз Ҳамадонӣ мегирад. Ноҳияи Восеъ аз тариқи Кӯлобдарё аз Ҳамадонӣ захираҳои обашро пур мекунад.

Аммо раиси ноҳияи Фархор, баръакси раиси Ҳамадонӣ мегӯяд, ки онҳо насосҳои обкашро таъмир карда, имсол қасд доранд се ҳазор гектар заминро обёрӣ кунанд. Зариф Назрӣ, раиси ноҳияи Фархор мегӯяд: “Зиёда аз як куб об рафта истодааст. Оби зеризаминӣ. Вақте ки каналро тоза мекунӣ, дарёи Сурхоб мепартояд, як куб зиёд рафта истодааст. Мана худи Шумро рафта нишон медиҳам”. Ба саволи хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи нигарониҳои мақомот дар Ҳамадонӣ ӯ гуфт: “Не, алакай обёрӣ дигар шуда истодааст, мо каналҳои обёриро ба пуррагӣ тоза карда истодаем.”

Ҳарчанд Зариф Назрӣ, раиси ноҳияи Фархор камобиро дар дарёи Панҷ рад кард, мушоҳидаи оддӣ аз баландиҳои Фархор чазираҳои хушкидаи дарё Панҷро рӯшан ба намоиш мегузоранд. Тобистони соли 2021 сокинони наздик бар 50 километрии дарёи Панҷ дар Фархор аз надошти об шикоят доштанд. Дарёи Панҷ яке аз таъминкунандагони оби ошомиданӣ ва ҳам оби полезӣ дар се ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Сокинон ҳам мегӯяд, ки аз соли гузашта то ҳол камобии бесобиқаро дар ноҳияҳояшон мушоҳида карда истодаанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG