Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи амрикоӣ як ҷангии ДОИШ-ро барои гаравгонгириҳо дар Сурия гунаҳгор донист. ВИДЕО


Александа Котей аз чап ва Ашшариф Ашшайх аз рост
Александа Котей аз чап ва Ашшариф Ашшайх аз рост

Додгоҳе дар Вирҷиния як ҷангии гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро барои нақшаш дар гаравгонгирии шаҳрвандони Амрико гунаҳгор донист.

Ин ҳукми додгоҳро наздикони қурбониёни ҷиноятҳои мудҳиш чун тантанаи адолат хеле муҳим мешуморанд. “Садои Амрико” менависад, Ашшариф Ашшайх барои он гунаҳор дониста шуд, ки ба ҳайси як узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар гаравгонгирии 26 нафар даст доштааст.

Ашшайх ҳамроҳ бо чанд шаҳрванди дигари Бритониё ба хотири лаҳҷаи бритониёиашон ба истилоҳ чун “Гурӯҳи Битлз” дар ҳайати “Давлати исломӣ” ном бароварданд. Ӯву ҷангии дигар Александа Котей соли 2018 боздошт шуда соли 2020 барои муҳокима дар додгоҳи амрикоӣ истирдод шуданд. Котей соли 2021 гуноҳҳояшро эътироф кард.

Рӯзи 14-уми апрел як ҳайати ҳакамон Ашшайхро дар содир кардани ҳашт ҳолати ҷиноят ба ҳангоми гаравгонгириву куштори журналистони амрикоӣ Ҷеймс Фоли, Стивен Сотлофф ва кормандони ташкилоти имдодрасон Питер Кассиг ва Кайла Мюллер гунаҳгор эълон кард. Ҳукми ӯ моҳи август содир мешавад. Вале наздикони қурбониён аз хулосаҳои ахири додгоҳ истиқбол карда мегӯянд, ки ҳақ ба ҳақдор расид. Даян Фули, модари Ҷеймс Фулии соли 2012 гаравгон гирифташуда додгоҳро хеле муҳим хонд:

“Ба назари ман, мо бояд баръакси онҳо амал кунем. Ин як тафовути калон аст. Гаравгонҳои бритониёиву амрикоӣ чизе нагирифтанд. Бо онҳо мисли ҳайвон рафтор шуд, онҳоро шиканҷа карданд, нон надоданд ва ҳеҷ адолате надиданд. Муҳим аст, ки мо тарзи рафтори инсонҳои маданиро нишон диҳем”

Коршиносон мегӯянд, аз ҳамин назар ҳам додгоҳ аҳамияти зиёд дорад. Стефани Фоҷҷет, коршиноси амниятӣ мегӯяд:

“Ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки дар рабоишу куштори фарзандони онҳо даст доранд, барои оилаҳои амрикоии ин қурбониҳо хеле муҳим аст. Ин парванда натиҷаи кори фаъоли ин оилаҳо ва ҳам муборизаи онҳо барои адолат дар ҳақи фарзандонашон аст”.

Дар ҳолатҳои хеле кам нафароне, ки дар одамрабоиву куштор даст доранд, дар кишвари қурбониҳои худ муҳокимаву муҷозот мешаванд. Рандалл Роган, профессори Донишгоҳи Вейк Форест мегӯяд:

“Ин додгоҳ, ба назари ман, ҳам барои амрикоиҳо ва ҳам барои берунаҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳукумат ва мақомоти амрикоӣ онҳоеро ба ҷавобгарӣ мекашад, ки дар марги амрикоиҳо дар хориҷа, бахусус дар чунин шароити даҳшатнок гунаҳгор ҳастанд”.

Роган гуфт, ки мурофиаи додгоҳии Ашшайх дасти сохторҳои ҳифзи қонуни Амрикоро барои ба ҷавобгарӣ кашидани хориҷиҳои дигари гунаҳор дар қатлу куштори амрикоиҳо дарозтар мекунад. Мусоҳибон мегӯянд, Амрико бояд барои тантанаи адолат дар дигар парвандаҳо ҳам ҳамкориро бо шариконаш идома диҳад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG