Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен аз Эрон озодии як зиндонии сиёсиро тақозо кард


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен аз Эрон тақозо кард, ки як шаҳрванди амрикоиро, ки, ба гуфтааш, давоми солиёни зиёд чун як “пиёдаи сиёсӣ” (истилоҳи шоҳмот) дар ҳабс нигаҳдорӣ мешавад, озод кунад. Матбуоти эронӣ гуфт, Имод Шарқӣ барои ҷосусӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, замоне, ки мехост аз кишвар фирор кунад, боздошт гардид. Блинкен гуфт, ки аз он замон чор сол гузашт ва “оилаи ӯ бо нигаронӣ аз сарнавишти ӯву умедворӣ ба озодшавиаш чашм ба роҳ мондааст”. Блинкен рӯзи 23-юми апрел дар як изҳороташ дар Твиттер гуфт, “мисли оилаҳои зиёди дигар, ин азизи оилаи Шарқиро ба як пиёдаи сиёсӣ табдил додаанд”. Блинкен гуфт, “мо аз Эрон тақозо мекунем, ки даст аз ин кори ғайриинсонӣ бардошта Шарқиро озод кунад”. Дар Эрон даҳҳо нафари дорои душаҳрвандии ИМА, Бритониё ва дигар кишварҳо дар ҳабс қарор доранд ва талошҳои ҳукуматҳои ғарбиву аврупоӣ барои озод кардани онҳо солҳо давом мекунад. Оилаҳои онҳову ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Эронро дар он муттаҳам мекунанд, ки ин гурӯҳи шаҳрвандонро ҳабс карда, бидуни назардошти шаҳрвандии ғарбии онҳо бо иттиҳомҳои бисёр вақт сохтаи сиёсӣ ба зиндон меандозанд.

XS
SM
MD
LG