Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон ё Лё Пен? Дар Фаронса президенти ояндаро интихоб мекунанд


Нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳри Лиони Фаронса аввалин раъйдиҳандагонро қабул мекунад. 24-уми апрел
Нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳри Лиони Фаронса аввалин раъйдиҳандагонро қабул мекунад. 24-уми апрел

Имрӯз дар Фаронса интихоботи президентӣ ҷараён дорад. Номзадҳои асосӣ президенти амалкунанда Эммануэл Макрон ва рақиби ростгарои ӯ Марин Лё Пен барои ҳақи раҳбарии кишвар дар панҷ соли оянда мубориза мебаранд.

Даври дуюми интихобот дар фазои ҷанги Русия дар Украина ва таҳдид ба амнияти Аврупо баргузор мешавад. Пурсишҳои ахири афкори умум пешбинӣ мекунанд, ки шонси Макрон барои бурдани интихоботи рӯзи 24-уми апрел зиёд аст. Дар сурати ғалаба, Макрон аввалин раиси ҷумҳури Фаронса дар 20 соли охир мешавад, ки бори дуюм барандаи интихобот мешавад. Айни замон таҳлилгарон мегӯянд, ки пирӯзӣ осон даст намедиҳад, чун дар овоздиҳии рӯзи якшанбе ҳузури раъйдиҳандагони зиёд зарур аст.

Овоздиҳӣ дар Фаронса соати 8-и субҳ шурӯъ шуда, то соати 8-и шом идома мекунад. Интизор меравад, ки аввалин натиҷаҳои овоздиҳӣ дар соатҳои аввали баъди баста шудани нуқтаҳои раъйдиҳӣ нашр мешаванд.

Эммануэл Макрон ва Лё Пен
Эммануэл Макрон ва Лё Пен

Дар Фаронса 48,7 миллион шаҳрванд ҳақи ширкат дар интихоботро доранд. Соли 2017 ҳам Макрон дар муқобили Лё Пен дар интихоботи президентӣ иштирок кард ва он замон натиҷаи овоздиҳӣ 66 дарсад ба тарафдориву 34 дарсад мухолифи Лё Пен буд. Дар сурати ғалабаи Лё Пен дар Аврупо бисёриҳо дар ҳолати шок қарор мегиранд.

Ин сиёсатмадорро дар тарафдорӣ аз сиёсатҳои Русия гумонбар медонанд.

Дар остонаи интихобот раҳбарони марказгарои Олмон, Испания ва Португалия дар нашрияҳо аз овоздиҳандагон дар Фаронса даъват карданд, ки аз Макрон пуштибонӣ кунанд. Дар даъватҳои онҳо бо ишора ба Лё Пен аз ғалабаи “популисти фавқулодда ростгаро” ҳушдор дода шудааст, ки барояш, ба гуфтаашон, президенти Русия Владимир Путин “як намунаи идеологиву сиёсӣ мебошад” ва барои татбиқи “идеяҳои шовинистиаш” мусоидат мекунад. Дар матбуоти маҳаллӣ ҳам айни чунин даъватҳо садо дода гуфта шудааст, ки бозгашти Макрон ба Қасри Елисей ва пешгирӣ аз сари қудрат омадани Лё Пен хеле муҳим аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG