Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Украина беш аз 1 миллиард доллари дигар ёрӣ мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико иддаои раҳбари Русияро дар бораи тасарруфи пурраи шаҳри Мариуполи Украина зери шубҳа гузошт.

Ҷо Байден эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина боз ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар кумак мерасонад.

Ӯ рӯзи 21-уми апрел ҳангоми суҳбат дар Кохи Сафед гуфт, "шаҳодате нест, ки Мариупол комилан таслим шуда бошад".

Президенти Амрико афзуд, кишвараш барои муқовимат ба таҷовузи Русия дар минтақаи Донбасс 800 миллион доллар ва барои танзими иқтисоди Украина 500 миллион доллари дигар ёрӣ хоҳад кард.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бо ибрози миннатдорӣ хотирнишон кард, ки кишвараш ба ёрии бештар ниёз дорад. Ба қавли Зеленский, барои ҷуброни хасороти иқтисодӣ ва идомаи ҷанг Украина ҳар моҳ ба камаш 7 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад.

Дар шаҳри бандарии Мариупол як гурӯҳи низомиёни украинӣ сангар гирифта, муқовимат ба нерӯҳои Русияро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG