Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба намоиши филмҳои русӣ дар бораи Донбасс иҷоза дод


Cinema theater Kyrgyzstan
Cinema theater Kyrgyzstan

Дар ин бора рӯзи 21 апрел Азамат Жаманқулов, вазири фарҳанги Қирғизистон хабар дод.

Жаманқулов гуфт, пеш аз додани иҷоза муҳтавои филмҳо омӯхта шудаанд. "Комисия таъсис шуд. Фикрҳо мухталиф буданд. Вале дар ниҳоят иҷоза дода шуд", - гуфт вазири фарҳанги он кишвар.

Расонаҳои Қирғизистон пештар хабар доданд, ки аз 15 то 17 апрел дар шаҳрҳои Бишкек, Қара-Балта ва Қаракӯли он кишвар фестивали синамои "Замони воқеият" баргузор ва дар доираи он дар бораи ҳаводиси Донбасс, шарқи Украина филм нишон дода мешавад.

Фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон зидди ин фестивали синамоӣ бархостанд. Фаъолон гуфтанд, дар инъикоси ҳаводиси Украина Қирғизистон таҳти таъсири фазои иттилоотии Русия қарор гирифтааст. Баъди ин вокунишҳо бархе аз синамохонаҳо дар шаҳри Бишкек аз намоиши филмҳои фестивали "Замони воқеият" худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG