Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як корманди Додситонии кул. Назарзода ба чӣ гумонбар аст?


Зокир Назарзода
Зокир Назарзода

Як корманди Додситонии кулли Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Сарҳанг (полковник) Зокир Назарзода то чанд моҳ пеш сардори раёсати корҳо ва ободонии Додситонии кул буд. Манобеъ мегӯянд, ӯ расман ба "аз худ кардани маблағҳои давлатӣ" гумонбар аст.

Дар хадамоти матбуоти Додситонии кул рӯзи 20-уми апрел хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, ба суолҳо танҳо ба воситаи мактуби расмӣ посух хоҳанд дод.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Зокир Назарзода баъди он боздошт шуд, ки гуё "дар як маҳфил додситони кул Юсуф Раҳмонро таҳқир кардааст". Тасдиқи ин иддао аз манбаъҳои расмӣ имконпазир нест.

Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, яке аз наздикони Зокир Назарзода бо шарти зикр нашудани номаш боздошти ӯро "қасосгирӣ" номид. Вай гуфт, "Назарзода ҳеч гуноҳ надошт. Ӯро ноодилона аз кор ҷавоб доданд ва баъдан парвандаи ҷиноӣ боз карданд."

Парвандаи ӯро раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кул месанҷад. Маълум нест, дар пайванд ба “таҳқири намояндаи давлат” нисбати ӯ парванда кушодаанд ё на.

XS
SM
MD
LG