Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев дар як ҷаласа 36 мансабдорро барканор кардааст


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19-уми апрел дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба фаъолияти низоми маҳаллаҳо 36 мансабдорро аз мақом барканор кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Узбекистон Шерзода Асадов, дар ин ҷаласа раиси 1 ноҳия, 1 шаҳрдор, 12 муовини аввали раиси ноҳия, 2 додситони ноҳиявӣ, 2 додситони шаҳрӣ, 1 сардори пулис, 4 сардори нозироти андоз ва 11 сардори нозироти ҷумҳуриявиро аз мақом ронданд.

Бино ба хабарҳо, Мирзиёев дар ин ҷаласа бо шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҳам суҳбат карда, ба ӯ, муовини аввалаш ва сардори идораи андози шаҳр танбеҳ додааст.

XS
SM
MD
LG