Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зидди рӯзноманигори таҳқиқотгар айбҳои нав эълон шуд


Болот Темиров
Болот Темиров

Пулиси шаҳри Бишкек аз боз шудани парвандаҳои нав зидди рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров хабар додааст.

Ба иттилои пулис, рӯзномнигори қирғиз ба "сохтакории аснод" ва "убури ғайриқонунии марз" низ муттаҳам мешавад. Манбаъ афзудааст, рӯзноманигор соли 2008 ҳангоми дарёфти шаҳрвандии Русия билети ҳарбии қалбакиро пешниҳод кардааст.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Қамчибек Тошиев" оғоз кард.

Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро дар кори ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар Фейсбук навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январи имсол дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Пас аз чанд рӯз дар Интернет сабтҳои пинҳонии навор ва садои зиндагии шахсии рӯзноманигор Болот Темиров ва ҳамкорони ӯ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG