Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо коргари як ширкат дар Қазоқистон корпартоӣ карданд


Эътирози когарони ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau". 19 апрел, 2022.
Эътирози когарони ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau". 19 апрел, 2022.

Дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон даҳҳо коргари ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" рӯзи панҷум аст, ки бо талаби маоши бештар корпартоӣ доранд.

Рӯзи 15-уми апрел онҳо бо сабти наворе аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси вилояти Мангистау Нурлан Ногаев хоста буданд, ки ба вазъи онҳо мудохила кунанд.

"Мо панҷ рӯз аст, ки корпартоӣ дорем. Мақомот талабҳои моро қонеъ намекунанд. Мо ба роҳбарияти корхона нома навиштем. Ба номаи мо посух наомад ва ба ҳамин далел корпартоӣ кардем. Аз шумо мехоҳем, ки дар афзудани маоши мо мусоидат кунед," -- гуфтанд коргарон дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Рӯзи 18-уми апрел аз мақомоти вилояти Мангистау ба коргоҳи мазкур рафта, бо ҳузури коргарону корфармо ҷаласа баргузор кардаанд. Аммо роҳбарияти корхона ба талаби коргарон розӣ нашудааст.

Ба иттилои расмӣ, ширкати "ArcelorMittal Tubular Products Aktau" ягона корхонаест дар Қазоқистон, ки лӯлаҳои калонҳаҷми оҳанин истеҳсол мекунад. Ин корхона тақрибан 250 коргар дорад.

XS
SM
MD
LG