Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедаракшавии 11 муҳоҷири узбек дар Буча


Яке аз муҳоҷирони гумшудаи узбекистонӣ
Яке аз муҳоҷирони гумшудаи узбекистонӣ

Ёздаҳ шаҳрванди Узбекистон, ки дар шаҳри Киев ва атрофи он кору зиндагӣ мекарданд, аз рӯзҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина бедарак шудаанд.

Наздикони ин муҳоҷирони узбекистонӣ аз вилояти Сурхандарё мегӯянд, якуним моҳ мешавад, ки бо онҳо тамос надоранд.

Шавкат Муҳаммад, зодаи Ҷиззахи Узбекистон ва ҷанговари пешини гуруҳи "Айдар" дар Украина гуфт, муҳоҷирони бедаракшуда бори охир аз ноҳияи Бучаи вилояти Киев тамос гирифта буданд.

Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол аст, низомиёни рус онҳоро асир гирифта бошанд. ​"Ҳафт нафари ин ҷавонҳо аз вилояти Сурхандарёи Узбекистон ҳастанд. Ба ман нусхаи шиносномаи 8 нафарашонро фиристоданд. Баъди пурсуҷӯйҳо маълум шуд, ки муҳоҷиронро асир мегиранд, вале онҳо тавонистаанд, ки фирор кунанд. Ба яке аз деҳаҳои наздикии Киев паноҳ мебаранд ва то 3 март дар онҷо буданд. Дигар тамосҳо қатъ шуд", - изҳор дошт Муҳаммад.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ низ муайян кард, ки сафорати Узбекистон дар Украина хабари бедаракшавии муҳоҷиронро пайгирӣ дорад.

XS
SM
MD
LG