Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара сафар кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, сафари худ ба вилояти Суғдро оғоз кард.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, сафари худ ба вилояти Суғдро оғоз кард.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи чанд коргоҳи хурд ва чанд бинои маъмурӣ ширкат кард.

Сафари президент ба шаҳру навоҳии кишвар ва ширкат дар ифтитоҳи чанд коргоҳи хурду камаҳмият, ки бештари онҳо пас аз чанде аз кор мемонанд, ба як расми маъмулӣ табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон сафари худ ба вилояти Суғдро рӯзи 14-уми апрел аз шаҳри Панҷакент оғоз кард. Рӯзи 16-уми апрел ӯ дар ноҳияи Ашт қарор дошт.

Рӯзи 17-уми апрел ӯ дар ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли пойафзоли "Исфара Саманд", маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи "Ширин", коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии "Баракат-Исфара", ифтитоҳи майдони "Парчами давлатӣ", ифтитоҳи бинои ҲХДТ дар ин шаҳр ширкат кардааст.

Шаҳри Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистон аст ва сокинони ин шаҳр зуд-зуд шоҳиди муноқишаҳои марзӣ мешаванд. Сомонаи президенти Тоҷикистон аз сафари президент ба минтақаҳои марзӣ то кунун хабар надодааст.

Барои сафари президент ба минтақаҳо моҳҳо омодагӣ мегиранд. Борҳо сокинон ва коршиносон, сафарҳои президентро "камаҳамият ва бефоида" номида буданд. Дар гузашта низ ошкор шуд, ки корхонаҳои бозшуда пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон аз кор мемонанд.

Мақомот ҳамеша таъкид мекунанд, президент дар маҳалҳо аз аҳволи мардум бохабар мешавад ва дар ҳар сафараш ободиҳо бештар мегарданд.

Бо вуҷуди интиқод, Эмомалӣ Раҳмон баҳору тирамоҳ ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекунад ва дар ифтитоҳи корхонаҳои, ки бештар аз ҷониби соҳибкорон бунёд ёфтаанд, ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG