Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Агар Финландия ва Шветсия узви НАТО шаванд...


Дмитрий Медведев ва Владимир Путин
Дмитрий Медведев ва Владимир Путин

"Агар Финландия ва Шветсия узви НАТО шаванд, пас, дар бораи мавқеи бидуни силоҳи ҳастӣ будани Балтик гуфтугӯе сурат нахоҳад гирифт." Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар Телеграм навишт.

Намояндагони Русия пештар аз ин имкони узви НАТО шудани ду кишварро манфӣ баҳо дода буданд, аммо дар бораи иқдомҳои мушаххаси Маскав Медведев бори аввал аст, ки ҳарф мезанад.

Ба гуфтаи вай, "Русия соҳиби рақибони бештари расмӣ мешавад" ва аз ҳамин хотир маҷбур мешавад, "нерӯҳои хушкигард ва низомҳои зиддимушакии худро ҷиддан тақвият бахшад, ҳузури нерӯҳои баҳриашро дар халиҷи Фин афзоиш диҳад".

Дар ин матн Медведев ҳамчунин аз силоҳи ҳастаӣ ёд мекунад. "То имрӯз Русия чунин иқдомро рӯи даст нагирифта ва намехост, бигирад," -- навишт вай.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Медведев, Русия на бо Шветсия ва на бо Финландия баҳси марзӣ надорад, мисле ки бо Украина дошт, аз ин рӯ, ба НАТО шомил шудани он ду кишвар барои Русия маънии дигар дорад.

Дар Шветсия ва Финландия ҳоло масъалаи шомилшавӣ ба НАТО дар ҳоли баррасӣ аст. Афкори иҷтимоии ин ду кишвар баъди ҳамлаи Русия ба Украина якбора тағйир кард. Аксарият ҷонибдори узви НАТО шудан ҳастанд. Тасмим ҳанӯз пазируфта нашудааст, вале интизор меравад, ки аризаи Шветсия ва Финландия барои узвият тобистони имсол супурда шавад.

XS
SM
MD
LG