Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ мухолифи қазоқистонӣ Мамайро озод накард


Жанболат Мамай
Жанболат Мамай

Мухолифи қазоқистонӣ Жанболат Мамай, ки бо гуноҳи "таҳқири намояндаи давлат" ва "паҳнсозии иттилои нодуруст" боздошт шудааст, бо қарори додгоҳи шаҳри Алмато дар ҳабс монд.

Вакилони мудофеи Мамай рӯзи 13-уми апрел аз додгоҳ хоста буданд, ки ӯро аз ҳабс озод кунад.

Мамайи 33-сола, роҳбари Ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон ба далели парвандҳои бозшуда аз миёнаҳои моҳи март дар ҳабс аст. Ҷонибдорони Мамай парвандаҳоро таъқиби сиёсӣ унвон мекунанд.

Мамай, ки бо танқидҳои сахташ аз ҳукумати Қазоқистон маъруф аст, талош дошт Ҳизби демократии Қазоқистонро сабти ном кунад. Аммо бо монеагузориҳо аз сӯи мақомоти давлатӣ рӯ ба рӯ шуд.

XS
SM
MD
LG