Амрико эълон кард, ки бастаи нави ёриҳои низомии худро ба Украина пешниҳод мекунад. Ин кумакҳо дар пайи иддаои Русия дар мавриди таслим шудани нерӯҳои баҳрии Украина расонда мешаванд.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, санади нави ироаи кумакҳои низомиро ба маблағи тақрибан 800 миллион доллар, иборат аз чархболу тӯпхона ва аслиҳаву муҳимоти дигари ҷангӣ, ба Украина тасвиб кард.
Байден дар ин бора 13-уми апрел дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Украина, Владимир Зеленский, хабар дод. Вай гуфт, бастаи нави ёриҳои аз аслиҳаи муосиру вазнин иборат аст, ки барои дифоъ аз ҳамлаҳои густардаи Русия дар шарқи Украина пешбинӣ шудаанд.
Вазорати мудофиаи Русия иддао дорад, ки беш аз 1000 нерӯи баҳрии Украина дар бандари муҳосирашудаи Мариупол ба Русия таслим шудаанд.
Ин кишвар ҳамчунин эълон кард, ки бандари Мариуполро тасарруф кардааст. Мақомоти Украина таслим шудани нерӯҳои баҳриро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардаанд.