Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди русҳои довталаби зист дар Қазоқистон меафзояд


Фурудгоҳи Домодедово, моҳи марти 2022
Фурудгоҳи Домодедово, моҳи марти 2022

Шумори шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд дар Қазоқистон муваққатан зиндагӣ кунанд, афзоиш меёбад.

Муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Кожаев дар ҷаласаи порлумон гуфт, агар қаблан дар се моҳ 350-400 шаҳрванди Русия барои зисти муваққат дар кишвар дархости иҷозат мекарданд, ҳоло шумори онҳо ба беш аз ҳазор нафар расидааст.

"Мо ҳамаи ин равандҳои муҳоҷиратро назорат мекунем. Дар мо низоми "Е-конак" кор мекунад ва ҳама тавассути он огоҳинома мефиристанд," -- изҳор дошт вай.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, аз 1-уми январи имсол 457 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки бештарашон аз Русия ва Узбекистон мебошанд, ба он кишвар рафтаанд.

XS
SM
MD
LG