Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ба Киев чархбол ва мошинҳои низомӣ мефиристад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пентагон имкони фиристодани чархболҳои навъи Ми-17 ва мошинҳои низомии навъи Humvee-ро ба Украина баррасӣ дорад.

Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо такя ба манбааш дар Кохи Сафед иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаи нашрия, бастаи нави ёриҳои низомии Амрико ба Киев 750 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Нашрия менависад, дар ин бастаи кумакҳо ба ҷуз аз чархболу мошинҳои низомӣ навъи дигари аслиҳаву абзори ҷангӣ шомил аст.

Ҳафтаи гузашта Сенати Иёлоти Муттаҳида тарҳи қонунеро бо иттифоқи оро қабул кард, ки он тарҳ ба президент Ҷо Байден имкон медиҳад, аз усули соддашудаи ирсоли кумакҳои низомӣ ба Украина ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ истифода барад.

XS
SM
MD
LG