Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати Интернет дар Туркманистон поин буд, поинтар шуд


Интернет-кафе дар Ишқобод. Акс аз соли 2007
Интернет-кафе дар Ишқобод. Акс аз соли 2007

Суръати Интернет дар Туркманистон якбора поин рафта, тақрибан ҳамаи филтршиканҳо ё VPN-ҳо баста шудаанд.

Манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон гуфтанд, ки сустшавии бесобиқаи суръати Интернет ва баста шудани филтршиканҳо дар ҳамаи минтақаҳои он кишвар мушоҳида мешавад.

Корбарони туркманистонӣ танҳо тавассути як ширкати фароҳамкунанда -"Туркментелеком" метавонанд ба Интернет пайваст шаванд.

"Ҳамаи VPN-ҳо, аз ҷумла филтршиканҳои пулакӣ низ кор намекунанд. Суръат ҳам якбора поин рафт. Ман дар ёд надорам, ки ягон бор Интернет ин қадар суст шуда бошад", - гуфт яке аз манобеъ.

Расонаи мустақили "turkmen.news" 11-уми апрел бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки дар Туркманистон суръати Интернет поин рафта, ҳамаи филтршиканҳо баста шудаанд.

XS
SM
MD
LG