Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар як кӯдакистон дар Душанбе. АКС


Кӯдакистони "Истиқлол" дар Душанбе
Кӯдакистони "Истиқлол" дар Душанбе

Як боғчаи кӯдакона дар шаҳри Душанбе оташ гирифтааст. Сабабҳои ҳодиса ва зиёни расида ҳанӯз маълум нест.

Масъулони кӯдакистони “Истиқлол” гуфтанд, сӯхтор рӯзи 12-уми апрел дар ошёнаи сеюми бино сар зад. Ҳангоми сӯхтор кӯдакон дар ҳавлӣ машғули бозӣ будаанд.

Боздиди хабарнигори Радиои Озодӣ аз боғча нишон дод, ки оташ ба ошёнаҳои поён нарасида, ҷойи хобу бозии кӯдакон зарар надидааст.

Дар боғчаи хусусии “Истиқлол” як гуруҳи маҳдуди кӯдакон тарбия мегиранд.

Дар шаҳри Душанбе даҳҳо кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҷо ҳазорҳо кӯдак тарбия мегиранд.

XS
SM
MD
LG